Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобутҳо аз Русия


Шодибек Раҷабов, сардори ситоди бахши умури дохилӣ оид ба нақлиёти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, маргумири муҳоҷирон сабабҳои мухталиф дорад:

«Аз ин миён 36 нафарашон ба қатл расонида шудаанд, инчунин бо сабаби беморӣ 115 нафар, ҳодисаҳои ногаҳонӣ 64 нафар, садамаҳои нақлиётӣ 26 нафар ҳалок шудаанд. Аммо сабаби марги 6 тани дигар ҳанӯз мушаххас нашудааст. Инҳо ҳамаашон муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русияанд.»

Ба гуфтаи оқои Раҷабов, аз вилоятҳои Хатлон ва Суғди Тоҷикистон ҳудуди 150 шаҳрванд дар Русия бо сабабҳои мухталиф ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Меҳринисо Пирматова, корманди дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар шаҳри Душанбе мегӯяд, марги ҳар муҳоҷири тоҷик таҳқиқи вижаеро мехоҳад:

«Мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия хеле зиёд аст. Вақте инсон дар як кишвари бегона ғайриқонунӣ будубош мекунад, табиист, ки ӯ аз ягон ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар ин кишвар бархурдор нест ва наметавонад ба ҳимояи ҳуқуқи хеш умедвор шавад. Ҳамзамон баъзе аз шаҳрвандони Русия аз ин вазъият сӯиистифода мекунанд ва ин, албатта, чунин паёмадҳои нохуш ба бор меорад. Агар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия сабти ном шаванд ва мақомоти ин кишвар донанд, ки онҳо дар куҷо кору фаъолият доранд, пас ҳуқуқи онҳо поймол нахоҳад шуд. Дар ҳоли акс, ҳодисаҳои маргу мири муҳоҷирони тоҷик афзоиш меёбад. Бисёре аз муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар ин кишвар умуман бенишон мешаванд ва ҳатто пайвандонашон ҷасади онҳоро наметавонанд пайдо кунанд, зеро мақомоти расмии Русия дар бораи онҳо ягон маълумот надоранд.»

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2004 ҷасади 407 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия бо сабабҳои гуногун фавтидаанд, ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Ин хатро пахш бикунед ва вазъи муҳоҷиронро дар соли гузашта бубинед
XS
SM
MD
LG