Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи ҳафта: Ғаффор Мирзоев, ки парвандааш ба додгоҳ расид


"Мо дар сиёсат дар вақти инқилоб дохил шудем ва таҷрибаи сиёсатмадорӣ надоштем. Ва мумкин хато карда бошем. мумкин ман ҳам хато карда бошам..." Ин пора аз як сӯҳбати ду сол пеши Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ аст, ки он замон ҳанӯз дар озодӣ буду дар бораи боздошти вазири пешини умури дохила Ёқуб Салимов изҳори назар мекард. Ин ҳафта тафтиши парвандаи ҷиноии худи генерал Ғаффор Мирзоев ҳам анҷом ёфт ва ба Додгоҳи олӣ ирсол гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев, собиқ раиси Оҷонсии мубориза бо гардиши маводи мухаддир ба додгоҳ расидааст ва ояндаи наздик муҳокимаи додгоҳӣ шурӯъ мешавад. Машкура Содирова, сардори шӯъбаи коргузории Додгоҳи низомӣ ин хабарро тасдиқ кард, вале аз додани иттилоъи бештар худдорӣ варзид.

Тибқи иттилоъи манобеъи додситонӣ, генерал Мирзоев ва 16 ҳаммаслаки ӯ дар содир кардани 101 ҷиноят муттаҳам дониста мешаванд. Ин манобеъ мегӯянд, оқои Мирзоев дар қатли чор нафар, аз ҷумла собиқ сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шаҳринав - Абдулло Мирзоев ва қумандони собиқи ҷабҳаи халқӣ дар шаҳри Кӯлоб - Сулаймон Чолов, инчунин дар содир кардани силсилаи таркишҳо дар назди биноҳои Додситонии кулл, Вазорати умури дохила, мағозаи «Ганҷ» дар шаҳри Душанбе, тарабхонаи «Симбод» дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ва қасди инфиҷор дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва қасди табаддулоти ҳокимияти давлатӣ гунаҳкор дониста мешавад. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки генерал Ғаффор Мирзоев ба давлат беш аз ду миллиону 260 ҳазор доллари амрикоӣ ва ҳудуди 455 ҳазор сомонӣ зарари молӣ расонидааст, аммо як чархбол ба арзиши зиёда аз як миллион доллар, ки оқои Мирзоев ба Давлати исломии Афғонистон интиқол дода буд, ба Тоҷикистон бозгардонида шудааст.

Ва аммо Ҷамила Комилова, яке аз вакилони мудофеъи Ғаффор Мирзоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, муваккили вай дар ҳеҷ як аз бандҳои иттиҳомоти алайҳи вай эъломшуда худро гунаҳкор намешуморад: "Худи айбдоршаванда Ғаффор Мирзоев дар ҳеҷ як аз 100 ҷинояте, ки ба вай мансуб медонанд, худро пурра гунаҳкор намедонад. Вакилони мудофеъ низ аз ин мавқеи Ғаффор Мирзоев пуштибонӣ мекунанд. Мо дар додгоҳ ҳангоми муҳокима нисбат ба 46 банди иттиҳомоти эълоншуда эътироз меорем, чун ба ин андеша ҳастем, ки ин иттиҳомот комилан беасосанд. Мо, вакилони мудофеъ умед дорем, ки баррасии парвандаи зерҳимояамон мунсифона сурат мегирад. Зеро ман фикр мекунам, генерал сазовор аст, ки муҳокимаи парвандаи вай одилона ва ҳамаҷониба сурат гирад."

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар боздошт ва ҳабси генерал Мирзоев қабл аз ҳама худи ӯ гунаҳкор аст. Мансур Султонов, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, «генерал Ғаффор Мирзоев мутаваллид, парварида ва ба истилоҳ, «фарзанди эрка»-и ҳукумати вақт аст. Рутбаи баланди генералиро ба оқои Мирзоев худи ҳукумат додааст. Инчунин ҷамъоварии сарват, муҳиммоти зиёди ҷангӣ ва мушаки «Стингер» ҳам кори якрӯза нест. Пас «фарзанди эрка» амале, кирдоре ё суханеро ба худ раво дидааст, ки боиси хатти батлон ба ҳама «хизматҳояш ба ҳукумат» ва ба муҳокима кашидани ӯ шудааст». Оқои Султонов афзуд, эҳтимол боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани Ғаффор Мирзоев ба интихоботи пеширӯ ва сару садоҳо дар мавриди ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ шудани ӯ иртибот дорад.

Сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло низ дар тақвияти фикри Мансур Султонов мегӯяд, генерал Ғаффор Мирзоев танҳо ба хотири бо ҳукумати феълӣ созиш накардан дастгир шудааст: "Раҳбарияти кунунӣ баро ҳар кадоме аз афроди собиқу ҳозира на як бору ду бор имкони мутобиқ шудан ба шароити навро муҳайё карда буд ва онҳое, ки собиқаи сиёсии бештар доштанд, тавонистанд аз ин фурсат истифода бурда, худро ба шароити нави пешомада мутобиқ гардонанд. Муттаассифона, бархеи дигар, ки албатта, ашхоси боистеъдоду болаёқат, вале камтаҷруба буданд, аз ин фурсат истифода карда натавонистанд. Сиёсат як чизест, ки ҳамеша тақозо мекунад, ки ҳар қадаму ҳар тадоруки худро бояд вобаста ба маҷрои умумии рушду инкишофи сиёсӣ мутобиқ кунанд. Ва касе, ки ба ҳифзи ҳамон маҷрову ҳамон услуби пешин исрор меварзад, аз маҷрои наву аз доираи нав берун мемонад."

Воқиан, ба иддаои бархе аз таҳлилгарон, Ғаффор Мирзоев бо ин ки аз фармондеҳии Горди раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд ва дар пайи он изҳор дошт, ки дигар дар ягон мақоми давлатӣ кор намекунад, ба хатои сиёсӣ роҳ дод, зеро пас аз як ҳафта ӯ дигарбора даъвати ҳукуматро дар бораи ишғоли мақоми раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир пазируфт. Зеро бо ин роҳ мақомот тавонистанд, ки генерал Ғаффор Мирзоевро таҳти назорат дошта бошанд ва аз эҳтимоли сар задани табаддулоти давлатӣ ва дигар ҳадафҳои ғайриқонунии ӯ пешгирӣ кунанд. Аммо Мираҳмади Амиршоҳ, яке аз кормандони собиқи Горди раёсати ҷумҳурӣ ва муаллифи китоби «Авроқи захмин», ки аз шарҳи ҳол ва корнамоиҳои Ғаффор Мирзоев ҳикоят мекунад, бар ин назар аст, ки генерал Мирзоев ҳеҷ қасди ғасби ҳокимияти давлатиро надошт ва намехост дар ин кишвари ҷангзада дубора авзоъ ташаннуҷ ёбад: "Даҳ рӯз пеш аз маҳкам карданаш ман рафтам. Медонистам, ки рӯйхат тайёр шудааст, маҳкам мешавад ва дар он рӯйхат номи ман ҳам ҳаст. Барои ҳамин, ман маҷбур шудам боз равам. Гуфт, ман хидмате, ки аз ӯҳдааш мебаромадаму аз дастам меомад, кардам. Гуфт, мардум гумонбаранд, ки гӯё ман табаддулот мекунам ё ҷанг мекунам. Аммо гуфт ӯ, худат шахсан медонӣ, ки ман як умр мубориза мебурдам, ки ҷанг нашавад, акнун имрӯз байни мардум ҷанг андохта, аз дур хун тамошо намекунам. Гуфт, ман ҳеҷ гоҳ ин корро намекунам ва бигзор маро ба маҳкама ҳам кашанд, як рӯз не, як рӯз ҳақ ба ҳақдор мерасад."

Ҳамин тавр, рӯзҳои наздик муҳокимаи додгоҳии собиқ фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ мешавад ва кам касе эътимод дорад, ки бегуноҳии генерал Мирзоев дар додгоҳ собит ва ӯ аз паси панҷара раҳо мешавад. Аммо то куҷо муҳокимаи парвандаи генерал дар додгоҳ ва эҳтимол ба зиндон маҳкум шудани ӯ метавонад вокунишҳои ҷиддӣ миёни аҳолӣ ба бор орад? Сиёсатшинос Исмоил Раҳматов бар ин назар аст, ки ин муҳокима бидуни ҳеҷ мушкил ва таъсири бад ба авзоъи сиёсии кишвар сурат мегирад. Таҳлилгари сиёсӣ Нуралии Давлат низ мегӯяд, парвандаи генерал Мирзоев мисли муҳокимаҳои додгоҳии Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров пурсарусадо нахоҳад буд, зеро маҳбубияти ду нафари ахир нисбат ба Ғаффор Мирзоев бештар будааст.

Аммо феълан ҳамаи сармояи Ғаффор Мирзоев, минҷумла иншоотҳои азим дар Душанбе ва Кӯлоб, ҳудуди 100 воситаи нақлиёт ва якуним ҳазор чорво ба маблағи умумии беш аз 20 миллиону 490 ҳазор сомонӣ, 1 миллиону 85 ҳазор доллари амрикоӣ ва 400 ҳазор рубли русӣ мавриди ҳабс қарор гирифта ва қисме аз моликияти мансуб ба ӯ ба ихтиёри ҳокимият гузаштааст. Айни ҳол оқои Мирзоев танҳо рутбаи генералиро ба худ дорад, ки эҳтимолан ба мисли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров баъдти додгоҳ аз он ҳам бенасиб монад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG