Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Набзи Ховар"-рӯзномаи нав дар Тоҷкистон


Нахустин шумораи рўзномаи «Набзи Ховар» -нашрияи Хабаргузории миллии Тоҷикистон "Ховар" аз дасти чоп баромад. Зафар Саидов-Раиси хабаргузории "Ховар" гуфт, ќарор аст ин рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба мунташир шавад:

"Ин рӯзнома дар асоси маҷмуъаи комили "Ховар" ба ҷуз аз рӯзҳои истироҳат, яъне ба ҷуз аз рузҳои шанбе ва якшанбе дар ҳаҷми зиёда аз 8 сафҳа чоп мешавад. Рӯзнома танҳо бар асоси обуна ба таври чопӣ ё аз тариқи почтаи электронӣ бо забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ ва забони русӣ дастарси муштариён хоҳад шуд".
Баъд аз касби истиқлол ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон нашрияе, ки ҳамарӯза мунташир шавад вуҷуд надошт. Нашрияҳо дар Тоҷикистон ба сурати ҳафтаӣ чоп мешаванд ва танҳо "Ҷумҳурият"- нашрияи расмии Тоҷикистон ва "Садои Мардум" нашрияи порлумони кишвар ҳафтае ду маротиба имкони нашр шуданро доранд. Маводи "Набзи Ховар" ҳамчунин дар сафҳаи интернетии хабаргузории "Ховар" қобили дарёфт хоҳад буд. Зафар Саидов афзуд, ин рӯзнома дар ояндаи наздик ба забони инглисӣ низ нашр хоҳад шуд. Ба ин манзур гуруҳи тарҷумонҳо дар хабаргузории "Ховар" фаъолият мекунад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG