Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ва Тошканд масъалаи барқро баррасӣ мекунанд


Як ҳайати Тоҷикистон иборат аз намояндагони вазорати энержӣ, ширкати Барқи Тоҷик ва корхонаи алюминиум таҳти сарварии Абдукарим Ниёзов, раиси ширкати Барқи Тоҷики ин кишвар барои ҳалли масоили харидории барқ аз Узбакистон ва интиқоли тронзити барқ аз тариқи Узбакистон ба Тоҷикистон озими Тошканд шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ширкати Барқи Тоҷик, Тоҷикистон мехоҳад, барои таъмини аҳолӣ ва корхонаи алюминиум бо барқ дар фасли зимистон аз Узбакистон ҳудуди 1 миллиард киловатт соат барқ харидорӣ кунад. Вале дар маҷмӯъ, Тоҷикистон қасд дорад, 2 миллиард киловатт соат аз хориҷи кишвар ба даст оварад. Аммо ба қавли Мавлон Бақоев, корманди шӯъбаи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили барқ Узбакистон мехоҳад, барқи худро ба Тоҷикистон фурӯшад. Ӯ бо истинод ба гузориши ахири вазорати энержӣ ба ҳукумат гуфт, ки ҷониби Узбакистон пешниҳод намудааст, ки барқи худро дар ивази як киловатт соат 3 сент фурӯшад.
Ва аммо Рашид Гулов, сардори раёсати вазорати энержии Тоҷикистон оид ба сиёсати энержӣ мегӯяд, ин қиммат 6 маротиба гаронтар аз нархномаи дохиолии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон як киловатт соат барқро дар ивази 1,6 дирам ба мардумаш медиҳад, ки ин ба 0,5 сент баробар аст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон аз Қирғизистон рӯз дар миён аз тариқи пули барқии Конибодом - Ботканд бештар аз якуним миллион киловатт соат барқ мегирад, ки дар фасли зимистон барои ин кишвар басанда набудааст. Тоҷикистон бо кишварҳои дигари фурӯшандаи барқ ба мисли Қазоқистону Русия мувофиқат кардааст, ки нерӯи барқ харидорӣ кунад. Аммо Узбакистон, ки дар миёнаи роҳ истодааст, иҷозаи интиқоли тронзити барқро намедиҳад ва пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон аз манобеъи барқии ӯ харидорӣ кунад. Мавзӯъи иҷозаи Тошканд ҷиҳати интиқоли тронзити барқ ба Тоҷикистон ҳамчунин як масъалаи ҳалношудаест, ки таи чанд соли гузашта дарди сари Душанбе шудааст. Бино ба иттилои вазорати энержии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, ҳайати Тоҷикистон бо ҳамтоёни узбаки худ дар Тошканд роҷеъ ба ду масъала: якум, харидории барқи Тошканд ва дуввум, иҷозаи интиқоли тронзити барқ аз Узбакистон ба Тоҷикистон гуфтушунид хоҳад кард. Ба қавли мутахассисони соҳаи барқ, агар ҳайати Душанбе дар ҳалли ин масоил муваффақ нашавад, дар ин зимистон Тоҷикистон ҷиддан ба мушкили барқ ва танқисии нерӯи барқ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG