Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии нақши созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли масоили иҷтимоӣ


Нақши иттиҳодияҳои маҳаллӣ дар ҳалли муассири масоили иҷтимоӣ дар як конфронс дар шаҳри Душанбе ба баррасӣ гирифта мешавад. Конфронси мазкур бо ибтикори иттиҳодияи миллии марокизи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва дар доираи як барномаи муштараки ин иттиҳодия бо созмони лаҳистонии «Ҳамкорон» (PDC) рӯзи 22 ноябр шурӯъ шуда се рӯз идома хоҳад кард. Фарзона Тилавова, ҳамоҳангсози барномаи мазкур гуфт, таҳкими ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар намунаи чунин ҳамкорӣ дар Полша дар самти коҳиши мизони фақр ва таъйини тадобири ҳуқуқӣ барои дастгирии ҳамкории созмонҳои ҷамъиятӣ бо сохторҳои худидораи маҳаллӣ аз мавзӯъоти аслии матраҳ дар ин конфронс хоҳад буд. Дар чаҳорчӯби барномаи мазкур як гурӯҳи намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву ниҳодҳои давлатӣ дар Полша омӯзиш дидаанд ва ҳамчунин, нашри маводе дар ин мавзӯъ дар назар аст. Барномаи мазкур аз ҷониби оҷонсии амрикоии рушди байналмилалӣ (USAID) дастгирии молӣ дидааст.
XS
SM
MD
LG