Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди дигарбора ба муҳоҷирон?


Дар ҳоле, ки муҳоҷирони корӣ ва корфармоёни Русия аз иқдоми Хадамоти федералии муҳоҷиратии ин кишвар истиқбол кардаанд, Николай Курянович, узви кумитаи амнияти Думаи давлатӣ ва узви Ҳизби либерал-демократи Русия афви муҳоҷиронро қадами носанҷида ва барои ояндаи субот дар Русия хатарнок арзёбӣ кардааст.

Вай гуфтааст: "Чунин меҳисобам, ки афви муҳоҷирон як иқдоми бидуни мутолиъаест, ки кишвари моро дар кӯтоҳмуддат ба задухӯрди мусаллаҳонаи мардуми бумии мамлакат бо мардуми ғайр, ки қонунҳои моро эҳтиром намекунанд, мувоҷеҳ хоҳад кард."

Гузашта аз ин гуфтааст, намояндаи Думаи давлатии Русия, "ман рафтуомади бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон бар Русияро таҳвин мешуморам, чаро ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон амалан вуҷуд надорад ва нирӯҳои марзбонии рус онро нигаҳбонӣ намекунад."

Вай афзудааст: "Аз ин бармеояд, ки мо худ ба қочоқи бебаркаши маводи мухаддир ба Русия мусоидат мекунем. Намояндаи парлумони Русия ҳушдор додааст: "Ман мутмаин ҳастам, ки бо назардошти феъли русӣ ва густураи паҳновари ҷуғрофиёии мамлакат, дар Русия инқилоби норанҷӣ намешавад. Ин инқилоб "дубовой", яъне булутӣ хоҳад буд, бо истифода аз силоҳи оташфишон."

Курянович идома додааст: "Сиёсати муҳоҷиратии либералӣ ба нестшавии мардуми бумии кишвари мо ва сукунати турку тоҷику чиноӣ ва дигар халқҳо дар ин сарзамин анҷом хоҳад ёфт, ки аз нигоҳи фарҳангшиносӣ ба русҳо бегона ҳастанд."

Николай Курянович бори дуввум аст, ки эъломияи шабеҳ интишор мекунад. Вай рӯзи 7 ноябр дар робита ба азсаргирии рафтуомад байни Русия ва Тоҷикистон бо шиносномаи дохилӣ тайи як мактуби саркушода ба раиси ҷумҳури Русия, эълом кард, ки агар давлат қодир ба дифоъи шаҳрвандони худ аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир аз кишварҳои шӯравии собиқи осиёӣ набошад, мардуми Русия бо ханҷару калтаки оҳанин бачаҳои худро аз тоҷикони қочоқбари маводи мухаддир дифоъ хоҳанд кард.

Мақомоти Русия ба ин баёнияҳои узви кумитаи амнияти Думаи давлатӣ ҳанӯз вокуниш нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG