Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Русия ба афви муҳоҷирони ғайриқонунӣ


Раиси бахши умури хориҷии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Вячеслав Поставнин тайи як нишасти матбуотӣ дар Маскав хабар дод, Русия барои хориҷиён, ба вижа шаҳрвандони кишварҳои муштаракулманофеъ, ки хостори кор дар Русия ҳастанд, низоми соддаи дарёфти иҷозатномаи кор ва сабти иқомат фароҳам месозад ва он хориҷиёнеро, ки қаблан, ғайриқонунӣ вориди Русия шудаанд, афв хоҳад кард. Вай эълом кард, Хадамоти федералии муҳоҷират барои ҳалли мушкили муҳоҷирон тарҳи нави қонуни вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русияро таҳия ва ба ҳукумат ирсол кард. Дар назар аст, қонуни нав аввали соли оянда дар Думаи давлатӣ ба тасвиб бирасад. Ба гуфтаи вай, Русия феълан ба як миллион дасти корӣ ниёз дорад ва ин мушкилро танҳо бо ҷалби нирӯи кории хориҷӣ метавон осон кард: "Мо роҳи дигаре барои ҷалби нирӯи кориро надорем. Ҳатто бино ба маълумоти коршиносони вазорати рушди иқтисод, танҳо барои ҳифзи сатҳи имрӯзи рушд ба мо як миллион дасти кории иловагӣ лозим аст. Илова бар ин танҳо аз додани иҷозатномаи кор ба будҷаи давлат то 15 миллиард рубл молиёт ворид мешавад. Феълан як иҷозатномаи кор 4 ҳазор рубл муъодили 140 доллар арзиш дорад. Дар назар аст, он то 30 доллар пойн оварда шавад."

Намояндаи Хадамоти муҳоҷиратии Русия ҳамзамон бо ишора ба ҳаводиси ахири Фаронса эълом кард, қонунисозии ҳузури муҳоҷирон дар Русия барои ҷилавгирӣ аз ширкати эҳтимолии онҳо дар ҳар гуна ошӯб мусоидат мекуна: "Агар мо онҳоро зери ҳимоя бигирем, ба онҳо имкони кору зиндагии осуда бидиҳем, он гоҳ онҳо ба ҳеҷ гуна беназмӣ майл нахоҳанд кард." Ба гуфтаи Вячеслав Поставнин, дар Русия феълан аз 5 то 15 миллион муҳоҷири ғайримаҷоз ба сар мебарад, ки 80 дар сади онҳо атбоъи кишварҳои шӯравии собиқ мебошанд. Вай афзуд, сар аз соли нави 2006 дар 8 минтақаи бузурги Русия ба 1 миллион муҳоҷири корӣ шароити ҳуқуқии будубош ва кор фароҳам карда мешавад.

Ин дар ҳолест,ки намояндаи ҳизби парламонии "Родина" Александр Крутов ва раиси ҷунбиши мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ Александр Белов мухолифати худро ба иқдоми хадамоти муҳоҷират эълом кардаанд. Бо талаби ҳизби "Родина", ин мавзӯъ дар яке аз ҷаласаыҳи Дума баррасӣ хоҳад шуд. Аммо Павел Крашенинников, раиси кумитаи ҳуқуқ дар Думаи давлатӣ бо истиқбол аз иқдоми Хадамоти федералии муҳоҷират итминон додааст, ки тарҳи нави қонуни вазъи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, дар парламон пуштибонӣ хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG