Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон


Мусоидати эҳтимолии Бонки Ҷаҳонӣ дар бунёди нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда - 1, меҳвари масоили матраҳ дар боздид ва вохӯриҳои витсе-президенти ин ниҳод ва раҳбари минтақавии он дар Тоҷикистон будааст. Мувофиқи иттилоъи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе, Шигео Кетсу, витсе - президенти Бонки Ҷаҳонӣ ва Денис Де Трей, раҳбари минтақавии ин бонк дар Осиёи Марказӣ зимни вохӯрии худ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин масоили марбут ба раванди барномаи ҳамкории стратегии ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ва боз ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ дар ин кишварро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG