Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони пинҳони камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ


Дар гузориши тозаи созмони "Christain Aid" бо номи "Бӯҳрони пинҳони камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ" гуфта мешавад, имсол чашмҳои матбуот ба таҳҳавулоти ду кишвари Осиёи Марказӣ, ба истилоҳ "инқилоби лолаҳои Қирғизистон" ва ошӯбҳои Андиҷон афтид ва ин таҳҳавул заъфи режимҳои мавҷуд дар минтақаро нишон дода, ин суолро ба миён оварданд, ки Ғарб бояд дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна нақш иҷро кунад.

Аммо мегӯяд "Christian Aid", сиёсатгузорон аз як сабаби аслии нооромиҳои ахир дар минтақа чашм пӯшидаанд, ки ин камбизоатии машшаққатбор барои миллионҳо нафар мардуми минтақа аст. Созмон аз ҷиҳати камбизоатӣ Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон бо кишварҳои африқоӣ муқоиса кардааст. Аз ҷумла созмон Тоҷикистонро бо Судон қиёс карда гуфтааст, тақрибан аз се ду ҳиссаи мардуми Тоҷикистон, ки рӯзона 2 доллару 15 сент масраф мекунанд, камбизоат ҳастанд ва даромади солонаашон назар ба даромади солонаи аҳолии Судон камтар аст.

Дар сӯҳбат бо Бен Ҳобс масъули созмони "Christian Aid" дар умури Осиё ва Ховари Миёна, ки чанде пеш аз Тоҷикистон баргаштааст, пурсидам, чаро маҳз ба Тоҷикистон дар ин гузориш тавваҷӯҳи бештар дода шудааст:

"Ба андешаи ман Тоҷикистон воқеан фақиртарин кишвар дар миёни панҷ кишвари собиқи шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ин аст яке сабаби тавваҷӯҳи хоси мо ба Тоҷикистон. Ҳамчунин мо дар Тоҷикистон барномаҳои зиёд дорем ва бо созмонҳои шарики худ ҳамкорӣ мекунем, мо таҷрибаи мустақим дар ин ҷо дорем ва аз ин хотир ҳангоми таҳияи гузориш таваҷҷӯҳи хос ба Тоҷикистон дода шудааст."

"Christian Aid" дар гузориши худ мегӯяд, вазорати рушди байналмилалии Бритониё ҳамасола барои Тоҷикистон дуюним миллион фунт, қариб 5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад, ки бисйор кам аст. Мушовири созмон Бен Ҳобс ба Радиои Озодӣ ҳамчунин гуфт, ин созмон ба ҳукумати Бритониё тавсия додааст, ин кӯмакҳояшро ба Осиёи Марказӣ афзоиш диҳад:

"Нахустин тавсия мо ин аст, ки ҳукумати Бритониё бояд ҳаҷми кӯмакҳояш ба минтақаро бештар кунад, то ки ба онҳо имконият диҳад, дар иҷрои ҳадафҳои Барномаи Ҳазораи Созмони Милал муввафақ бошанд. Ва ба андешаи мо ҳар гуна кӯмаки наве, ки таввасути ҳукумати Бритониё ҷудо мешавад, маҳз ба он самтҳои равона гардад, ки нақши мустақим дар коҳиши камбизоатӣ доранд. Аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти сохторӣ ва ҳамчунин барои беҳтар кардани соҳаи беҳдоштӣ ва зербунёдҳои асосии кишвар. Саввум тавсия ин аст, ки маблағҳо бояд барои ҳимоят аз созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ равона шавад, ки онҳо қодир ба фаъолияти доимӣ шаванд. Барои мо муҳим аст, ки созмонҳои мазкур мустаҳкам ва қавӣ бошанд. "

Christian Aid ҳамчунин як омили дигари камбизоатӣ дар Осиёи Марказиро рушди фасодкорӣ дар мақомоти ин кишварҳо хондааст.
XS
SM
MD
LG