Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози мухолифони Озарбойҷон аз натиҷаҳои интихобот


Иттиҳоди оппозисюни Озарбойҷон -- "Озодӣ" -- эълон кард, ки бо назардошти хилофкориҳо дар рафти овоздиҳии рӯзи якшанбе натиҷаҳои интихоботи порлумонии ин кишварро эътироф намекунанд. Яке аз раҳбарони ин эътилоф Алии Каримӣ ба хабарнигорон гуфт, овоздиҳӣ баёнгари иродаи мардуми Озарбойҷон нест. Сарвари дигари оппозисюн, раиси Ҳизби Мусовот Исо Қамбар гуфт, оппозисюн "то охир мубориза мекунад", то натиҷаҳои интихоботро тағйир диҳад. Дар ҳоле ки оппозисюн аз тақаллуб ва қонуншиканиҳои зиёд хабар медиҳад, ҳизби ҳокими "Озарбойҷони Нав" ин айбмониҳоро рад мекунад. Дабири кулли ин ҳизб, Алӣ Аҳмадов мегӯяд, ҳизби ҳоким дар ҷараёни интихоботи одилона аксарияти ҷойҳоро дар порлумони 125-нафара бурдааст. Аммо пурсиши як ширкати хусусии амрикоӣ нишон додааст, ки ҳизби ҳоким танҳо ба аксарияти коҳишёфта дар порлумон даст ёфтааст.
XS
SM
MD
LG