Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши сармояи хориҷӣ дар Суғд


Ба иттилоъи кумитаи муносибатҳои байналмилалии ҳукумати вилояти Суғд, дар давоми 3 соли ахир ба ин вилояти шимоли Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи наздики 190 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст.
Даврон Шарипов, муовини раиси ин кумита, гуфт, вилояти Суғд қисмати бештари сармояи хориҷиро ба тариқи воми имтиёзноки дарозмуддат ва ҳиссаеро ҳамчун бахшиш, яъне кӯмакҳои молии хайриявӣ дарёфт кардааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Шарипов, кӯмакҳои хайриявӣ тақрибан шашяки маблағи сармояи хориҷии ба Суғд воридшударо ташкил медиҳад:«Маблағи умумии кӯмакҳои хайрия ба вилояти Суғд беш аз 34 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Аз ин маблағ то кунун зиёда аз 13 миллион маблағ дар ҳудуди вилоят мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин кӯмаки молӣ аз ҷониби 48 ташкилоти давлатҳои хориҷӣ, ки дар вилояти Суғд фаъолият мебаранд, тақдим шуда, дар татбиқи ин лоиҳаҳо 132 созмонҳои ғайридавлатии вилоят низ саҳм мегиранд.»
Ҷаноби Шарипов афзуд, сармоягузории хориҷӣ ба вилояти Суғд дар самтҳои таҷдиди сохтори иҷтимоӣ, дастгирии раванди хусусигардонии хоҷагиҳо, эҳёи сохтори кишоварзӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳот ва беҳбуди соҳаҳои тандурустӣ ва маориф сурат гирифтааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG