Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Самарэйр" - ширкати нахустини хусусӣ дар Тоҷикистон


Нахустин ширкати хусусии ҳавоӣ бо номи «Самарэйр» қарор аст, аз оғози ноябри соли равон ба ҳамлу нақли мусофирин шурӯъ кунад. Файзалӣ Султонов -муовини раиси ширкати ҳавоии Тоҷикистон, ки дар як конфаронси матбуотӣ аз натиҷаҳои фаъолияти нӯҳмоҳаи ин идора сӯҳбат мекард, гуфт, парвози аввалини ширкати хусусӣ дар дохили Тоҷикистон сурат мегирад. Оқои Султонов фаъолияти ширкати ҳавоии Тоҷикистон дар амри хидматрасонӣ ба аҳолӣ дар ин муддатро мусбат арзёбӣ карда вале ҳамзамон таъкид кард, ки бештари тайёраҳои мусофирбар дар кишвар фарсуда шуда ва мӯҳлати истифодаашон дар арафаи анҷомёбист. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир, ҷиҳати раҳоӣ аз вазъи пешомада ширкати ҳавоӣ якҷо бо мутахассисин аз Бонки аврупоии тавсиа ва тараққиёт се гурӯҳи корӣ барои харидории тайёраҳои ҷадиди мусофирбар ташкил додааст. Ба гуфтаи оқои Султонов, ҳоло ин гурӯҳҳо имконоти дохилии ширкат, сатҳи омодагии ҳайати фаннӣ ва навъи тайёраҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, минбаъд чӣ барои анҷоми парвози дохилӣ ва чӣ дар хатсайри хориҷ аз кишвар танҳо тайёраҳои истеҳсоли кишварҳои Аврупо ва Амрико харидорӣ ва истифода хоҳад шуд. Тибқи иттиллои масъулин, ширкати ҳавоии Тоҷикистон, ҳамакнун, ин идора бо 19 ширкати хориҷӣ дар заминаи ҳамлу нақли мусофирин аз ҷумла ширкатҳои ҳавоии кишварҳои Чин, Русия, Ирон ва Афғонистон ҳамкорӣ дорад. Файзалӣ Султонов - муовини раиси ширкати ҳавоии Тоҷикистон ҳамчунин аз зиёнбории парвозҳои дохилӣ ёдовар шуда гуфт, тӯли як моҳи гузашта аз парвози самти Душанбе -Хуҷанд ва Душанбе -Хоруғ ширкати ҳавоӣ ба маблағи 150.000 доллар зарар дидааст. Ва аммо дафтари нахустин ширкати хусусии ҳавоии мавсум ба «Самарэйр» дар шаҳри Хуҷанд -маркази вилояти Суғд буда ва ин ширкат аз сӯи як гурӯҳи тоҷирони хуҷандӣ ташкил шудааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG