Имрӯз, 30 октябр дар Русия расман рӯзи ёдбуди қурбониҳои таъқиботи сиёсии даврони шӯравист. Бар асоси омори расмӣ, дар замони раҳбарии Иосиф Сталин, яъне аз соли 1921 то соли 1953 дар Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 4 милён нафар таҳти таъқиби сиёсӣ қарор гирифта, аз ҷумла наздики 800 000 нафар эъдом шудаанд. Авҷи таъқибот ба солҳои 1937-1938 рост меояд. Танҳо тайи ин ду сол давлати Шӯравӣ ҳукми қатли 682 000 нафарро ба иҷро расондааст. Бо ин ҳол бисёре аз муаррихон, шумори қурбониҳои режими Сталинро ба маротиб бештар хонда, аз милёнҳо нафаре ёд мекунанд, ки дар бадарға дар Сибиру Осиёи Миёна ва дар зиндонҳои ГУЛАГ ба ҳалокат расиданд.