Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои Мухтор Боқизода рад шуд


Ҳайати мушовараи Додгоҳи шаҳри Душанбе даъвои Мухтори Боқизода - раиси Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва сардабири нашрияи мустақили «Нерӯи сухан»-ро бар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ки ӯро ду сол барои корҳои ислоҳӣ ва бо ситонидани бист дарсади маошаш ба суди давлат маҳкум карда буд, бенатиҷа боқӣ гузошт. Дар пайи эъломи ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт Мухтор Боқизода ба Додгоҳи Душанбе шикоят бурда талаб кард, то дар марҳалаи кассатсионӣ ё додгоҳи таҷдиди назар ҳукми мазкур беэътибор ва ӯ бегуноҳ эълом шавад. Аммо Алпомиш Акбаров-раиси ҳайати мушовара дар мурофиаи додгоҳӣ дар анҷоми ҷаласаи худ эълом дошт, ки ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ нисбати Мухтор Боқизода бидуни тағйир ва даъвои ӯ ба инобат гирифта нашуд. Мухтор Боқизода -сардабири нашрияи мустақили «Нерӯи сухан» аз ҷониби мақомоти бозрасӣ барои тасарруфи амволи ғайр, яъне дуздии нирӯи барқ муттаҳам мешавад. Мақомоти тафтишот оқои Боқизодаро ба он гунаҳгор донистааст, ки аз моҳи ноябр соли 2004 то январи 2005 ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» бе пардохти пули барқ нашр шуда ва аз ин ҳисоб ба давлат бештар аз 1600 сомонӣ зарар ворид шудааст. Бар асоси ҳукми додгоҳ, то анҷоми мӯҳлати ҷазо оқои Боқизода намтавонад, аз маҳалли зисти худ бидуни огаҳии мақомот берун шавад. Аммо Мухтор Боқизода иттиҳоми тафтишот ва ҳукми додгоҳро бепоя ва дур аз воқеият хонда гуфт, мақомот ҳоло бо шеваҳои мухталифи фишороварӣ талош дорад, аз густариши матбуоти озод ҷилавгирӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки дар гузориши ахири худ созмони байналмилалии Хабарнигорони Бидуни Марз аз афзоиши мавориди фишор ба рӯзноманигорон ва аз ҷумла, ба давраҳои мухталиф маҳкум шудани се хабарнигори тоҷик, Ҷумъа Толибов дар ноҳияи Айнӣ, Ваҳҳоби Латиф ва Мухтори Боқизода дар Душанбе изҳори нигаронӣ карда ва Тоҷикистонро дар феҳраси кишварҳое, ки дар онҳо озодии матбуот ва ҳуқуқи инсон риоят намешавад, шомил карда буд. Бо ин вуҷуд, Мухтор Боқизода ва вакили дифои ӯ тасмим гирифтаанд, идомаи таҳқиқи қазия ва моҷарои худро то Додгоҳи Олии Тоҷикистон бикашонанд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG