Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт холи бохти Тоҷикистон дар озодии матбуот


Агарчӣ Тоҷикистон аз назари озодии матбуот болотар аз Ӯзбакистон Қазоқистон, Русия ва Туркманистон ҷой гирифтааст, аммо ин заминае барои хушҳолӣ наметавонад, бошад. Чаро ки Тоҷикистон назар ба соли гузашта, ки дар ҷойи 95 қарор дошт, 7 зина поён лағжидааст.
Паскал Бонемур, раҳбари идораи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар RSF гуфт, поёнтар ҷой гирифтани Тоҷикистон дар феҳрасти Гузоришгарони Бидуни Марз, бар ин маънист, ки вазъи озодии матбуот дар ин кишвар дар соли гузашта ба таври такондиҳанда бад шудааст. Вай дар сӯҳбат ба сайти интернетии Радиои Озодӣ ҳамчунин гуфт:

"Дар Тоҷикистон вазъи озодии матбуот чандон хуб нест ва ба андешаи ман бадтар мешавад. Чаро ки масалан, хабарнигори тоҷик Ҷумъабой Толибов ба зиндон маҳкум шуд. Дигар ин ки дар арафаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон ба матбуоти озод таҳдидҳо ва табъизҳо сурат гирифт. Ҳамчунин як телевизиони маҳаллӣ дар Тоҷикистон дар моҳи май баста шуд. Ба ғайр аз ин Мухтор Боқизода, сардабири "Нерӯи сухан", бо қарори додгоҳ ба ду соли кори иҷборӣ ва ситонидани 20 дар сади маошаш ба фоидаи давлат маҳкум шуд ва ин ба хотири фаъолияти хабарнигориаш буд. Ҳамин гуна вазъият чандон хуб нест ва ба таври такондиҳанда бадтар мешавад."

Паскал Бонемур афзуд, RSF дар маҷмӯъ аз вазъи озодии матбуот дар тамоми Осиёи Марказӣ нигарон аст ва кишварҳои минтақаро дар оянда водор хоҳад кард, то аз фишор ба матбуоту хабарнигорон даст бардоранд.

"Албатта, мо ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсия медиҳем, эҳтиёткор бошанд, зеро мо ба таҳаввули матбуот диққат мекунем ва таҳҳавулоти матбуоти Осиёи Марказӣ бисёр бад аст. Ҳамин гуна мо саъй мекунем, то ба ин ҳукуматҳо бештару бештар фишор биёрем, агарчӣ баъзан бисёр мушкил аст, чун дар ин кишварҳо режимҳои пӯшида ҳастанд ва масалан, душвор аст, бо мақомот мулоқот намоем.
Аммо тавсияи мо ин аст, ки онҳо ҳушёр бошанд, зеро мо ба таҳаввулоти матбуоти озод дар ин кишварҳо бодиққат наззора мекунем."


Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва ё RSF, марказаш дар шаҳри Париж дар гузориши тозаи худ доир ба озодии матбуот дар ҷаҳон, Туркманистон ва Кореяи Шимолиро дар поёни феҳрасти худ гузошта гуфтааст, ки дар ин ду кишвар озодии матбуот вуҷуд надорад ва хабарнигорон танҳо ба тарғиби ҳукумат машғуланд ва ҳар касе ин хатро мегузарад, бо бархӯрди сахте рӯбарӯ мешавад.
XS
SM
MD
LG