Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номуайянӣ дар робита бо минаҳои марзии Ӯзбакистон


Дар ҳоле ки ноиби фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Ӯзбакистон Рашид Ҳабиeв мегӯяд, гирифтани минаҳо аз марзи миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон шурӯъ шудааст, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон дар Тошканд, ин хабарро бо боварӣ тасдиқ накард. Вай гуфт, "агар Ҳабиeв ин гуна гуфта бошад, пас шудааст." Ҷаноби Ҳабиeв, ки дар ҷаласаи Шӯрои марзбонони кишварҳои ҳамсуд дар Душанбе иштирок мекунад, гуфтааст, аллакай 20 дарсади марз дар вилояти Сурхондарё аз минаҳо тоза шудааст. Аммо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон гуфт, масъала дар сатҳи байнидавлатӣ ҳанӯз дар ҳоли баррасист ва ба зудӣ ҳалли худро хоҳад ёфт. Ва раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров гуфт, аслан аз шурӯъи барчиниши минаҳо дар марз хабаре надораду дар гузашта Ӯзбакистон талаби созмонҳои ҷаҳониро дар ин бобат рад кардааст.
Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон низ гуфт, аз шурӯъи амалиёти барчиниши минаҳо дар марз иттилоъ надорад ва тарафи Ӯзбакистон ин марказро дар ҷараён нагузоштааст. Ва Ӯзбакистон ба ин амалиёт нозиронро аз Тоҷикистон даъват накардааст.
Вале ҷаноби Ҳабиeв гуфт, ҳукумати Ӯзбакистон ҳатто масъалаи ҷубронпулиро ба зарардидагони таркиши ин минаҳо низ дар назар дорад. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон ба хабарнигори мо дар Тошканд, Мирасрори Фарғонӣ гуфт, "табъан бояд минаҳо барчида шаванд, зеро муносибати байни кишварҳои мо тағйир ёфт."
Ӯзбакистон дар соли 1999 ба таври якҷониба марзи дар баъзе манотиқ номуайян бо Тоҷикистонро минакорӣ кард, ки аз таркиши ин минаҳо зиёда аз 70 нафар кушта ва 150 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG