Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Катибаҳои нодири Сангтӯда зери об мемонанд


Ба гуфтаи донишманди рус Константин Севенард, дар маҳалли Сангтӯдаи Тоҷикистон, дар он ҷое ки обанбор сохта мешавад, катибаҳое дар рӯи санг мавҷуд аст, ки таърихи 18 ҳазорсола доранд ва шабеҳ ба сангнавиштаҳо ва ё катибаҳои зери обанбори нирӯгоҳи барқи обии Беломори Русия мебошанд.
Константин Севенард тайи нишасти хабарие, ки дар ин робита дар Маскав баргузор кард, гуфт, дар зери обанбори нирӯгоҳи Беломор дар рӯи сангҳо катибаҳое ҳаст, ки бо номи китоби сангӣ ва ё "дафтари кабӯтарӣ" ёд мешавад ва таърихи 18 ҳазорсола дорад, вале дар пайи сохтмони нирӯгоҳ зери об мондаанд. Муҳақиқ аз мақомоти вазорати фарҳанги Русия ва дигар идораҳои федералии марбута тақозо кард, ки барои аксбардорӣ аз катибаҳои зери обанбори Беломор иқдом намоянд.
Вай афзуд, катибаҳои шабеҳ дар як минтақаи наздик ба Сангтӯда дар Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст. Акнун дар он ҷо сохтмони нирӯгоҳ шурӯъ шудааст ва бо эҳдоси обанбор ин ёдгориҳои бостонӣ зери об хоҳанд монд, ҳамон гуна ки дар пайи эҳдоси нирӯгоҳи Норак дар солҳои 70-уми қарни гузашта, тасвири 200 метрии абулҳавл ва ё як тасвири нодири асотирӣ зери обанбор монд.
Константин Севенард - собиқ намояндаи порлумони Русия, аслан муҳандиси барқ аст ва феълан ба ҷунбишии иҷтимоии «Иттиҳоди минтақаӣ» роҳбарӣ мекунад. Вай бо кашфи катибаҳои нодир ҳамчунин чандин осори муҳими бостониро низ сабт кардаст.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG