Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андешаҳои дипломати 28-солаи тоҷик


Дипломат ва иқтисодчии ҷавон, Мирзошариф Ҷалолов мегӯяд, баъд аз чанд сол аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон лашкари пиронсолону маҷрӯҳон бармегарданд ва бо мушкили гирифтани нафақапуливу дигар имтиёзҳо рӯ ба рӯ мешаванд:

«Ин мушкили оянда аст, ки роҳҳали онро аз ҳоло бояд андешид. Барои ҳалли ин мушкил, самтҳои қонунии коррро бояд ба роҳ монд, то ин ки дар оянда муҳоҷирони меҳнатӣ аз нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо бархудор шаванд.»

Ба гуфтаи Мирзошариф, барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодии кишвар ва қоҳиш додани бекорӣ миёни ҷавонон, мебояд захираи зеҳнии мамлакатро ғанӣ гардонд.
Худи Мирзошариф 28-сола аст, мактаби миёнаро бо нишони тилло ва донишгоҳҳои байналмилалии Чину Ҷопонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Чор забонро медонад ва ҳоли ҳозир ба сифати котиби дуюми раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият мекунад.

Вай мегӯяд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ боиси рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии шахс гашта, нигоҳи ӯро ба зиндагӣ таъғир медиҳад: «Донистани як забон ба монанди рӯшноӣ аст. Вақте ки шахс дар даст якчанд манбаъи рӯшноӣ дорад, метавонад ҳама чиро ба осонӣ бубинаду дарк кунад.»

Фаъолияти дипломатияшро Мирзошариф аз айёми донишҷӯӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Пекин шурӯъ кардааст ва баъдан бо тавсияи собиқ сафири онҷо Ҷамшед Каримов ба вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба кор даромадааст. Ӯ мегӯяд, ахиран аз ҳисоби ҷавонон дипломатҳои зиёди касбӣ омода мешаванд:

«Асосан дар Тоҷикистон дипломатҳои касбӣ ангуштшуморанд. Чунки дар Тоҷикистон мактаби дипломатия қариб, ки вуҷуд надошт ва сафҳои дипломатҳо аз ҳисоби олимону зиёиён пур карда шуда буданд.»

Соли равон дар маҷалаҳои байналмилалии илмии Ҷопон ва Чин, дар мавзӯъҳои «Таъсири сиёсати пуливу моли Амрико ба кишварҳои Осиёи Шарқӣ» ва «Кӣ бозори Русияро идора мекунад?» мақолаҳои илмии қаҳрамони гузориш чоп шудаанд.

Мирзошариф мегӯяд, барои фаромӯш накардани забонҳои англисиву русӣ ва ҷопониву чинойи пайваста аз пайи омӯзиш аст. Ҳамзамон ба мутолиаи 4 китоби забонҳои медонистааш машғул мешудааст. Дар вақтҳои холӣ шунидани мусиқиро писандида, баъзан асбобҳои мусиқиро менавохтааст. Мехоҳад дар оянда ба сифати дипломати касбӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
XS
SM
MD
LG