Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б.Бобохонов: "Имсол 45 зани тоҷик аз Дубай бозпас оварда шуд"


Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов гуфтааст, ки тайи моҳҳои гузаштаи соли ҷорӣ 45 зани тоҷикро аз банди фоҳишахонаҳои Имороти Муттаҳидаи Араб раҳо карда, ба ватан баргардондаанд. Ба гуфтаи вай, феълан талошҳо ҷиҳати аз асорат озод кардани як гурӯҳи дигари занони тоҷик, ки онҳоро пулиси Иморот бо иттиҳоми танфурӯшӣ боздошт кардааст, идома доранд. Оқои Бобохонов афзуд, чунин музокирот бо мақомоти кишварҳои дигар низ ба хотири ба Тоҷикистон баргардондани даҳҳо зани дигар ба роҳ гузошта шудаанд. Аммо додситони кулл аз гуфтани як омори дақиқ дар бораи шумораи он занону духтарони тоҷик, ки барои танфурӯшӣ ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд, худдорӣ кардааст.
Хабаргузории ИТАР-ТАСС, ношири хабар аммо мегӯяд, аз аввали сол дар Тоҷикистон алайҳи онҳое, ки занону духтарони тоҷикро бо ҳадафи танфурӯшӣ ба кишварҳои хориҷӣ қочоқ мекунанд, 138 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG