Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс дар Душанбе: Мулоқот бо аҳзоб ва дидор аз мадраса


Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон гуфт, номаи њизбашро ба хонум Райс супурдааст, ки зимни он ҲДТ хостори мусоидати ӯ барои бозбинии қазияи Искандаров шудааст.

«Шахсан ман оид ба боздошт ва ба маҳбас кашида шудани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гузориш додам. Он чӣ мо гуфтем, он кас пештар ҳам хабар доштаанд аз расонаҳо. Мо аз номи раёсати ҲДТ як мактубе шахсан ба худи Кондолиза Райс додем, ӯ шахсан худаш мактубро гирифта гуфт, ин масъаларо дар зери назорати шахсии худаш мегирад.»

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси ҲНИТ ва яке дигар аз ширкаткунундагони мулоқот бо вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, як вижагии сиёсати Амрико ин аст, ки омодааст, интиқодот ба унвони худро бишнавад ва зимни ин мулоқот аз ҷанбаҳои ба гуфтаи ӯ нодурусти сиёсати ИМА дар минтақа низ интиқод шудааст. Оғои Кабирӣ мегӯяд, масоили умдаи рӯзи Тоҷикистон ба сурати хулоса дар ин мулоқот матраҳ шуд:

«Табиист, ки нуқтаи назарҳо мухталиф буд. Яке, ҳиби ҳоким бар он назар буд, ки дар Тоҷикистон ҳама корҳо хуб аст, дуруст аст ва мо бо роҳи дуруст рафта истодаем. Ҳизбҳои дигар нигоҳи дигар доштанд ва камбудиҳои ҷомеаро нисбатан ошкор гуфтанд. Вале дар маҷмӯъ як уқта таъкид шуд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои устувор дар масъалаи амният ва сулҳ маҳсуб мешавад ва инро ҳамаи ҳизбҳо таъкид карданд. Нуктаи дигар ин буд, ки ин оромӣ ва ин амният танҳо метавонад дар сурати анҷом додани иқдомоти мушаххас дар раванди демократикунонӣ, озодии баён, озодии шаҳрвандон таъмин гардад.»

Кондолиза Райс, муовини вазири умури хориҷаи Амрико қабл аз мулоқот бо намояндагони ташкилоти иҷтимоӣ аз як мадрасаи занона дар маркази пойтахти Тоҷикистон дидан дидан кард. Ва мулоқоти бисёр мухтасаре дар саҳни ин мадраса бо духтарони толибилм дошт. Хонуми Райс гуфт,

«Дар зиндагии шумо тағйироти зиёде ба вуҷуд омадааст. Ман боз инашро медонам, ки дар оянда тағйироти бузург дар пеш аст. Ман хоҳони он ҳастам, ки шумо чун хонум дар зиндагӣ камтар мушкилот дошта бошед ва бештар орзуҳои наҷибатон дар амал татбиқ шавад.»

Кондолиза Райс аз меҳмоннавозӣ ва тӯҳфаи толибилмони мадрасаи исломии Имом Тирмизӣ ташаккур кард.
XS
SM
MD
LG