Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони тоҷики муқими Покистон осеб надидаанд


UNICEF - Бунёди Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид шумори эҳтимолии қурбониҳои заминларза дар Покистонро аз 30 то 40 000 нафар ҳисоб кардааст. Сухангӯи ин созмон Ҷулия Левертон дар Исломобод гуфт, UNICEF ин арқомро аз мақомоти Покистон дарёфт кардааст. Доктор Қамаруззамон Чавзрӣ, мудири кулли идораи ҳавошиносии Покистон бо таъйиди ин омор гуфт: "То кунун ҳалокати беш аз 30 000 нафар таъйид шудааст. Ва ба фикри ман ин шумора метавонд боз ҳам биафзояд."
Дар Покистон бар асоси танҳо омори расмӣ, ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад. Кордори сафорати Тоҷикистон дар Исломобод Мизробуддин Сафаров ба Радиои Озодӣ гуфт, касе аз онҳо дар заминларзаи охир осеб надидааст: "Хушбахтона, мо ду-се рӯз боз бо раҳбарони гурӯҳҳои ҷавонони тоҷик ҳамсӯҳбат шудем, медонем ва дар ҷараён ҳастем, ки дар ин зилзила ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб надидааст. Ин дақиқ аст."
Амалиёти наҷоти афроди зиндамонда аз зери харобаҳо бо вуҷуди гузашти бештар аз 2 рӯз аз замони вуқӯъи зилзила ҳамчунон идома дорад. Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, тақрибан 120 000 мардум ба кӯмаки фаврӣ ниёз доранд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Анон аз созмонҳои имдодӣ даъват кардааст, тамоми ёрии мумкинро ба осебдидагон бирасонанд.
XS
SM
MD
LG