Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон дар ЮНЕСКО


Рӯзи душанбе дар Порис рӯзҳои фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон дар ЮНЕСКО оғоз шуд ва ба ин муносибат дар ЮНЕСКО бо ширкати Коихиро Матсуура - раиси кулли ин созмон ва Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон намоишгоҳи осори ҳунарии ҳунармандони тоҷик гушоиш ёфт. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ ҳар ду ҷониб зимни суханони худ хостори густариши ҳамкориҳои бештар шуданд.

Коихиро Матсуура аз ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзу равнақи мусиқии "Шашмақом" ситоиш кард. Вай гуфт, ЮНЕСКО бо Тоҷикистон дар заминаи ҳифзи ёдгориҳои торихӣ низ ҳамкориашро равнақ медиҳад: "Дар заминаи мероси фарҳангӣ дар оянда миёни ЮНЕСКО ва Тоҷикистон соҳаи бузурги ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Юнеско аз ҳоло омода аст, барои кашф ва ташхиси ҷойҳо ва осори фарҳангӣ ба Тоҷикистон мадад расонад, то чунин ҷойҳо ва осори ҳунариро ба феҳристи ЮНЕСО шомил кунад. Шаҳри қадимаи Саразм, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор ва боғи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин ҷойҳо ба шумор мераванд".

Сипас конфронси 33-юми ЮНЕСКО баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмонов дар ин конфронс низ суханронӣ кард ва бо назардошти раванди афзояндаи муборизаи ҷаҳонӣ бо террор, тундгароӣ ва бунёдгароиву ифротгароӣ гуфт, мухолифи он аст, ки исми ҳар дину мазҳаб, ба вижа ислом бо ин падидаҳо пайванд дода шавад. Оқои Раҳмонов гуфт: "Терроризм ва экстремизмро бояд аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо кард. Ман эътиқоди қаввӣ дорам, ки экстремизм, терроризм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла ба ислом, нисбат додан мутлақо раво нест".

Эмомалӣ Раҳмонов динҳои масеҳиву буддоӣ, ислом ва синтоиву зардуштиро бахши арзишманди фарҳанги маънавии ҷаҳонӣ номид. Вай роҷеъ ба дини зардуштӣ сухан ронда таъкид кард, ки ҳикмати муҳими ин дин "Пиндори нек, рафтори нек ва кирдори нек" бояд барои боло бурдани ахлоқи ҷавонони имрӯза чун намуна истифода шавад. Мавзӯъи ахлоқ ва рафтори ҷавонон дар шароити ҷаҳонӣ шудани тамаддунҳо, ба андешаи Раҳмонов, бояд яке аз масъалаҳои башарӣ бошад. Раҳмонов пешниҳод кард, ки бо ибтикори ЮНЕСКО дар ҷаҳон як соли вижаи ахлоқ эълон шавад.

Дар чаҳорчӯбаи рузҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ҳунармандони тоҷик ду консерт дар назар гирифтаанд. Шоми душанбе консерти аввал дар бинои ЮНЕСКО баргузор шуд. Консерти дуввум барои рӯзи сешанбе барномарезӣ шудааст. Шоми рӯзи душанбе раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо Мишел Алио Марӣ - вазири дифоъи Фаронса мулоқот кард. Мулоқоти Раҳмонов бо Жак Ширак - раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи сешанбе баргузор мешавад.
Хиромон Бақозода, Порис
XS
SM
MD
LG