Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори духтаре дар заминаи рашк


Мақомоти интизомии Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи амали интиҳорӣ будани инфиҷори шоми гузашта дар маркази Душанбе -пойтахти Тоҷикистон рад карданд. Худойназар Асозода- сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин амал дар заминаи рашк рух додааст ва пахши фарзияи амали террористӣ аз сӯи бархе расонаҳо воқеият надорад:

"Ҳодисае, ки рузи якшанбе соати 20:05 дақиқа ба вуқуъ пайваст, ин ҳодисаи террористӣ нест. Дар натиҷаи ҷанҷол, рашк шаҳрванд Исроилоф Шараф соли таваллудаш 1980 ҳалқаи гранатаро меканад. Дар натиҷа таркиш ба амал меояд ва шаҳрванд Шерова ҷароҳати вазнин бардошта ҳангоми ба беморхонаи марказӣ бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст".

Ба гуфтаи оқои Асозода-сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон, ин таркиш дар заминаи рашк ва муноқишаи миёни ин ду ҷавон дар маҳалли миёни вазорати умри изтирорӣ ва маркази чиптафурӯшиҳои ширкати ҳавоии пойтахт рух додааст. Корманди биступанҷсолаи ширкати "ТК-Мобайл" ба суи духтар-корманди созмони байналмилалии бо номи СПИД Шарқ-Ғарб норинҷак партоб мекунад. Дар ин ҳодиса духтар ба ҳалокат расида, худи ҷавон ҷароҳат мебардорад.Дар ҳоли ҳозир ҷавон боздошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Корҳои тафтишотӣ идома дорад. Ба навиштаи бархе аз хабаргузориҳо, падари духтари ҳалокшуда яке аз афсарони вазорати дохилаи кишвар мебошад. Аммо сухангӯи вазорати дохила хабари мазкурро таъйид ё такзиб накард.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG