Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Тоҷикистон барқ медиҳад


Карим Ниёзов, раиси ширкати ҳолдингии «Барқи Тоҷик» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон тариқи пули барқии Бодканди Конибодом шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Каримов, ҳамарӯза ҳудуди якуним миллион киловатт соат нерӯи барқ аз роҳи пули барқии Бодканд ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Вай афзуд, ҷиҳати ҳалли мушкили камбуди барқ дар корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ахиран бо мақомоти энержии давлати Қирғизистон як созишнома баста шудааст, ки тибқи он кишвари ҳамҷавор ҳудуди 600 миллион киловатт соат нерӯи барқро ба Тоҷикистон интиқол хоҳад дод. Ҳамзамон ба қавли ҷаноби Каримов, дар зимистони имсола корхонаи алюминиуми тоҷик бояд ду миллиард киловатт соат барқ харидорӣ намояд, то фаъолияти бонизоми муассисаро дар фасли сармо роҳандозӣ кунад. Ҷаноби Каримов инчунин гуфт, Ӯзбакистон дорои захираҳои бойи энержӣ аст, аммо бинобар баланд будани қимати барқ корхонаи алюминиуми Тоҷикистон наметавонад, онро харидорӣ намояд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи як манбаъ аз вазорати энержии Тоҷикистон, кишвари Ӯзбакистон барои интиқоли тронзитии барқ тариқи қаламрави худ, аз Тоҷикистон пардохти маблағи иловагиеро тақозо кардааст. Манбаъ афзуд, ояндаи наздик як гурӯҳи мутахассисони вазорати энержӣ ҷиҳати баррасии ин масъала ба Ӯзбакистон сафар хоҳанд кард.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG