Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Аврупо аз хилофкориҳо дар интихоботи Афғонистон


Дар ҳоле ки шумориши ройҳо дар интихоботи порлумонии Афғонистон идома дорад, Иттиҳоди Аврупо аз хилофкориҳо дар ҷараёни он изҳори ташвиш кард. Ҳайъати нозирони Иттиҳоди Аврупо дар Кобул дар изҳороти худ гуфт, дар баъзе аз вилоятҳо пур кардани қуттиҳои рой бо баргаҳои омода, овоздиҳии якҷоя ба ҷои чандин нафар ва тарсдиҳии эҳтимолии ройдиҳандагон ба мушоҳида расидааст.
Бо вуҷуди он ки ин хилофкориҳои сартосарӣ набудаанд, миқёси онҳо боиси нигаронӣ шудааст ва ҳайъати нозирони Иттиҳоди Аврупо аз ниҳоди интихоботии таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, тафтиши онҳоро ошкоро ва ҷиддан пайгирӣ намуда, шаффофият ва ҳақиқати ҷараёни интихоботро ҳифз кунад. 120 намоянда аз давлатҳои аврупоӣ дар Ҳайъати нозирони Иттиҳоди Аврупо интихоботи 18-уми сентябрро дар Афғонистон зери назар доштанд.
XS
SM
MD
LG