Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати Банки аврупоии бозсохт ва рушд дар Тоҷикистон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳайъати Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD), ки аз аъзои шӯрои саҳҳомони он иборат аст дурнамои ҳамкориҳои дутарафаро дар як нишаст дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд. Майкл Нюмайер, раҳбари ҳайати мазкур дар пайи мулоқот бо президенти Тоҷикистон гуфт, ки дар ин дидор бештар масъалаи густариши ҳамкориҳои EBRD бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ будааст. Вай гуфт, дар ин самт таваҷҷӯҳ бештар ба бозсохт ва таҳкими ниҳодҳои зербиноӣ , бахши инерживу барқ, таъминот бо об дода хоҳад шуд. Ба ақидаи ҷаноби Нюмайер афзоиши қарзҳои банк ба банкҳои Тоҷикистон имкониятҳои онҳоро дар сармоягузорӣ ва куллан бахши моливу бонкдориро дар Тоҷикистон тақвият хоҳад кард.
Майкл Нюмайер, раҳбари ҳайати шӯрои саҳҳомони Бонки аврупоии бозсохт ва рушд иттилоъ дод ки ин ниҳод дар садади таҳияи барномаи нави дарозмуддат барои Тоҷикистон аст ва интизор меравад, ки ин тарҳ пас аз се ҳафта ба тасвиб бирасад. EBRD даҳ сол боз дар Тоҷикистон фаъол аст ва дар ин муддат наздик ба 60 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG