Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаи тиҷоратии АвруОсиё


Дар поёни ҷаласаи сарвазирони кишварҳои ЕврАзЭС ё Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё дар Душанбе, ширкаткунандагони он, созишномаи густариши тиҷоратро дар миёни давлатҳои узв ба имзо расонданд. Онҳо ҳамчунин низомномаи ташаккули бозори ягонаи коло ва хадамотро дар Осиёи Марказӣ таҳия карданд. Кишварҳои узв қарор карданд, як форуми доимамалкунандаи кормандони фарҳанг ва ҳунарро таъсис диҳанд. Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз бунёдгузорони Ҷомеаи ҳамкориҳои Авруосиё мебошанд. Русия даро моҳи октябри соли 2004-ум ба ин иттиҳод ҳамроҳ шуд. Дар ҷаласаи Душанбе раёсати шӯро ба ихтиёри нахуствазири Русия Михоил Фрадков гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG