Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат низоми пулии табобатро таҷдиди назар мекунад


Давлати Тоҷикистон барномаи низоми пулии табобатро, ки аз як моҳи пеш тасдиқ ва ба иҷрои он шурӯъ карда буд, таҷдиди назар хоҳад кард. Бар асоси ин барнома хидматрасонии пизишкӣ дар Тоҷикистон бо пардохти маблағ бояд сурат бигирад ва дар бештари бемористон ва табобатгоҳҳо нархномаи анвои бемориҳо мушаххас шуда буд. Файзулло Холбобоев- мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури иқтисод дар як ҳамоише, ки таҳти унвони «Нақши расонаҳо дар иҷрои санади коҳиши фақр» суханронӣ мекард, гуфт, ба ин далел, ки бештари аҳолии кишвар дар сатҳи поинтар аз хатти фақр ба сар мебарад, иҷрои ин барнома номуваффақ ва ғайриимкон аст. Ҷаноби Холбобоев гуфт, ки давлати Тоҷикистон барои табобати ройгон дар буҷаи солонаи худ ҳамасола як миқдори мӯайяни маблағро пешбинӣ кардааст. Вале бо ба иҷро гузоштани барномаи низоми пулии табобат баъид ба назар мерасад, ки масъулини идороти ҳифзи сиҳати омма дар маҳаллот истифодаи ин маболиғро дуруст ва босамар анҷом диҳанд. Ҷаноби Холбобоев гуфт, ҳоло ин барнома дубора таҷдиди назар мешавад ва бо таваҷҷӯҳ ба сатҳи камбизоатии ҷомеа ба он тағйироти ҷиддӣ ворид карда хоҳад шуд. Нозигул Хушвақтова- раҳбари бахши мониторинги дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, яке дигар аз ширкатдорони ҳамоиши мазкур гуфт, мизони хадамоти пизишкӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари олам дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Ӯ гуфт, 64 дар сади аҳолии кишвар дар вазъи қашшоқӣ ба сар мебарад. Музди миёнаи маоши атбои Тоҷикистон ҳудуди даҳ доллар буда ва дар буҷаи давлатӣ барои мудовои солонаи як шаҳрванд то се доллар муқаррар шудааст. Файзулло Холбобоев эътироф кард, ки камбуд ва нуқсон дар қабули бархе аз барномаҳо ва аз ҷумла барномаи низоми пулии табобат хоси марҳалаи гузариш ба иқтисоди озод аст ҷо доштааст. Вай гуфт, бар асоси тағйироти ворида ба низоми пулии табобат, ки қарор аст, рӯзҳои наздик тасдиқ шавад, давлат пардохти ҷубронро ба гурӯҳҳои нодор ва фақири ҷомеа ба ӯҳда мегирад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG