Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумориши овозҳои интихоботи парламентии Афғонистон таъхир меёбад.


Мансабдорони ниҳоди интихоботии Афғонистон мегӯянд, ки шумориши овозҳои интихоботи парламентии ин кишвар ҳадди ақалл як рӯз ба таъхир меафтад.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мансабдорони ниҳоди муштараки танзими интихобот изҳор намуданд, ки сабаби таъхир мушкили интиқоли қуттиҳои интихоботӣ дар марказҳои шумориши райҳо мебошад.
Саййид Ҳамид сухангӯи ниҳоди муштараки танзими интихоботи Афғонистон дар шаҳри Кобул ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт:
" Қарор аст, шумориши оро дар Кобул 21 сентябр шурӯъ шавад. Имрӯз интиқоли авроқи овоздиҳӣ ба марказҳои шумориши овозҳо идома дорад. Иншооллоҳ фардо оғоз меёбад".
Пешбинӣ мешавад, ки шумориши овозҳои райжиҳандагон камаш ду ҳафта идома мекунад. Рӯзи якшанбе райдиҳандагони афғон 249 вакилони Парламенти Афғонистон ва Маҷлисҳои маҳаллии 34 вилояти ин кишварро интихоб карданд.
Бар пояи омори пешакӣ дар интихоботи рӯзи якшанбе беш аз панҷоҳ дар сади райдиҳандагони афғон ширкат варзидаанд. Дар Афғонистон беш аз дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор нафар ҳаққи овоздиҳӣ доранд.
Нозирони байналмилалӣ ба интихоботи парламентӣ ва маҳаллии Афғонистон баҳои баланд додаанд.
XS
SM
MD
LG