Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Узбакистон аз фаъолияти Корхонаи арзизи Тоҷикистон


Бахтиёр Ниёзматов - муовини вазири сиҳати оммаи Узбакистон гуфт, партобҳои заҳролуде, ки Корхонаи арзизи Тоҷикистон хориҷ мекунад, вазъи экологии ноҳияҳои Сариосиё, Узун ва Деҳнави вилояти Сурхондарёи Узбекистонро бад кардааст. Ба қавли вай, агар фаъолияти ин корхона тавсиъа ёбад, сафи афроди гирифтор ба бемориҳои мухталиф афзоиш хоҳад ёфт.
Бахтиёр Ниёзматов зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд гуфт, корхонаи дуввуми тавлиди алюминий, ки қарор аст дар вилояти Хатлон, ки дар 120-130 километрии марзи Тоҷикистон бо Узбакистон бунёд шавад, ба муҳити зисти ҷануби кишвараш таъсири манфӣ ҳоҳад расонд. Вай афзуд, як идда мутахассисони тоҷик низ зарари газҳои заҳролуди Корхонаи алюминийи Турсунзодаро мавриди таҳқиқ қарор доданд ва натиҷаҳои ин таҳқиқ бо хулосаҳои пажӯҳишгарони узбак шабеҳанд.
Аз муовини вазири тандурустии Узбакистон пурсида шуд, ки оё дар мавриди ташвиш ва изтиробҳои ҷониби Узбакистон ҳукумати Тоҷикистон огаҳӣ дорад? Бахтиёр Ниёзматов гуфт, онҳо мунтазири посухи номаи расмии худ ҳастанд, ки ба ҳукумати Тоҷикистон фиристода шудааст. Ҳамчунин ин мақоми Узбакистон даъват кард, ки масъалаи мазкур дар сатҳи раёсати ҷумҳури Узбакистону Тоҷикистон баррасӣ гардад. Бори аввал нест, ки мақомоти Тошканд дар робита ба фаъолияти Корхонаи Арзизи Тоҷикистон ва таъсири он ба муҳити зистти он кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд ва баёниҳои расмӣ медиҳанд. Аммо олимони тоҷик мегӯянд, партобҳое, ки Корхонаи Арзиз хориҷ мекунад, аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд нест ва ба муҳити зисти ҳар ду кишвар таъсири чандоне надорад.
Мирасрори Фарғонӣ, Тошканд
XS
SM
MD
LG