Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё се калисо баста шуд?


Бо вуҷуди дастури қатъи фаъолият аз тарафи Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯҳонии калисои кореягии Сонмин Санбогим дар Хуҷанд, Лариса Кагай ба Форум 18 мегӯяд, аслан нафаҳмидааст, ки калисои ӯро касе бастааст ё на, вай тавонистааст, ҳама вақт озодона амал кунад. Вай мегӯяд, "шукри худо, ҳукумат ба фаъолияти ин калисо дахолат намекунад."
Аммо Санавбар Нурова, мутахассиси динҳои ғайриисломӣ дар Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон баракс гуфт, бо дастури ин кумита ҳукумат фаъолияти калисои Сонмин Санбогимро дар Хуҷанд манъ кард, зеро намояндагони он ба таблиғи дини худ берун аз бинои калисо машғул буда, барои наврасон машқгоҳи таеквондо ташкил кардаанд ва бе иҷозаи падару модари ин наврасон кӯшиш мекунанд, онҳоро ба дини худ дароранд.
Хабари манъи фаъолияти ин калисо ҳамзамон бо хабари манъи фаъолияти калисоҳои баптистӣ ва шоҳидони Яҳво нашр шуд. Яъне хабар ингуна буд, ки гӯё дар Тоҷикистон фаъолияти се гурӯҳи мазҳабии ғайримусулмон мамнӯъ эълон шудаанд. Аммо ҳам намояндаи масъули Кумитаи дин ва ҳам сарони ду калисои баптистӣ ва шоҳидони Яҳво дар гуфтугӯ бо хабарнигори Форуми 18 ин иттилоъро рад карданд.
Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ (IWPR) рӯзи 2-юми сентябр хабар дода буд, ки гӯё мақомоти давлат фаъолияти ин гурӯҳҳоро манъ кардаанд.
Санавбар Нурова дар гуфтугӯ бо ин хабарнигори Форум 18 изҳор доштааст, ки тоҷикон дар муносибат ба динҳои дигар ботамкинанд, вале таблиғи ошкоро ва ҳамлаварона ба онҳо хуш намеояд.
Дар ҳоле ки IWPR хабари баста шудани калисои баптистиро нашр кард, раиси Иттиҳоди баптистони Тоҷикистон Олег Пикевич дар гуфтугӯ бо Форум 18 ин иттилоъро қатъиян рад намуд. Ва Анатолий Мелник, ноиби раиси Шӯрои шоҳидони Яҳво низ гуфт, хабари мазкур ӯро ба ташвиш овард, вале дертар маълум шуд, ки он асосе надорад.
Ба ин тартиб огоҳӣ ва дастури қатъи муваққатии фаъолият танҳо нисбати калисои Сонмин дар Хуҷанд нашр шуда, он ҳам ба зудӣ ҳалли худро пайдо кардааст ва хабари баста шудани ду калисои дигар, ба навиштаи Форум 18, ягон асос надоштааст.
XS
SM
MD
LG