Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун шурӯъ мешавад


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷаласаи машваратӣ бо аъзои ҳукумат, мушовирони давлатӣ ва масъулини идораҳо кишвар гуфтааст, дар охирҳои ҳамин моҳ, 27 сентябр сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун шурӯъ мешавад.
Ба ин муносибат дар шаҳри Роғун маросими оғози кор баргузор хоҳад шуд, ки дар он як ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии нахуствазири ин кишвар Михаил Фрадков ширкат мекунад.
Раиси дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Шарифов гуфт, дар ҷаласаи машваратӣ масъалаи сохтмони ҳамаи неругоҳҳои Тоҷикистон Сангтуда 1, Сангтуда 2, ҷараёни сохтмони нақбҳои Анзоб ва Шаҳристон баррасӣ шуд. Бино ба иттилои Вазорати энержии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи феврали соли равон барои омода намудани барнома техникӣ ва иқтисодии сохтмони ин неругоҳ миёни ширкатҳои русии Русал ва олмонии Ламҳайер як созишнома ба имзо расидаааст. Русал гуфтааст, омодааст, барои марҳилаи аввали сохтмон 2 миллиард доллар диҳад.
Президент Раҳмонов ҳамчунин аз мақомоти давлат омодагӣ ба зимистонро пурсон шуда, ин мавзӯъро бо сарони вилоятҳо низ баррасӣ намуд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG