Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Салиби Сурх иҷозаи дидор бо маҳбусон дода нашуд


Дар дидори раҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Осиёи Марказӣ, Ролин Вавр бо масъулини ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон ҳамкориҳои минбаъда дутарафa мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаноби Вавр ба радиои Озодӣ гуфт: "Масъалаи муҳимеро ки мо бо вазири адлияи ин кишвар мавриди баҳс қарор додем, дарёфти иҷозаи вуруд ба маҳбасҳо ва шиносоӣ бо вазъи маҳбусон дар ин кишвар буд, аммо мутаасифона мо ба мувофиқа нарасидем. То ҷое ман иттилоъ дорам, зиндониён дар Тоҷикистон мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба кӯмаки беҳдоштӣ ва равонӣ ва ғизоӣ ниёз доранд, аммо дар сурате ки мо бо ин маҳбусон вонахӯдаем ва аз мушкилоти эшон ба таври бояду шояд огаҳӣ надорем, чӣ гуна метавонем дар ин самт, барномаеи мушаххасеро дар оянда ҷиҳати кумак, рӯйи даст бигирем? Аммо ман аз ҳамкориам бо ин кишвар қаноатманд ва нисбат ба дурнамои ҳамкориҳои Салиби Сурх бо Тоҷикистон хушбин ҳастам." Кумитаи байналмилалии Салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар тулии фаъолияташ дар Тоҷикистон аз соли 1999 ба ин ҷониб, дар бахши ортопедӣ, беш аз 4000 афроди маъюбро, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ аз пой ва даст маҳрум шудаанд, бо пой ва дасти маснуъӣ, асобағал ва аробачаҳо таъмин кардааст. Ҳамчунин созмони маскур дар Тоҷикистон барномаи вижаеро пиёда кардааст, ки мувофиқи он аҳолии маҳалҳои марзии кишвар аз минтақаҳои минакоришуда огаҳ карда мешавад.
Бо ин сафар вазифаи Ролин Вавр дар Тоҷикистон ҳафтаи оянда ба поин мерасад ва ӯро дар ин мақом Алмандухти Аҳмадипур иваз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG