Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди як ҳайъати ADB аз Тоҷикистон


Масоили татбиқи барномаҳои Бонки Осиёии Рушд дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин дурнамои иқтисодӣ ва масоили энержӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайъати Шӯрои сарварони Бонки Осиёии Рушд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмонов ва Пол Вилям Спелтс, масъули Бонки Осиёии Рушд дар умури Тоҷикистон пиромуни беҳбуди вазъи роҳу нақлиёт ва зербинои иқтисоди кишвар табодули назар карданд. Оқои Спелтс аз мулоқоти худ бо раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ниҳоди вай қасд дорад, барои идомаи роҳандозии барномаҳояш дар ин кишвар мусоидат намояд. Вай инчунин гуфт: "Ҳайъати мо то рӯзи шанбе, 10 сентябр дар Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт ва дар роҳи омӯзиши ин масъала, ки Бонки Осиёии Рушд чи гуна метавонад мушоракати худро бо давлати Тоҷикистон густариш диҳад, кор мебарад. Дар ин робита мо бо Президент Раҳмонов гуфтугӯи муассир доштем ва ӯ андешаҳои хеле ҷолибро пешниҳод намуд. Ҳамзамон тайи чанд рӯзи дигари боздид аз Тоҷикистон мо масоили ҳамкориҳои эҳтимолии худро дар мавзӯъҳои имрӯз баррасишуда матраҳ хоҳем кард."

Ба иттилоъи Абдуфаттоҳ Шарифов, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов зимни мулоқот бо ҳайати намояндагони ҳафтнафараи Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, ҳукумати кишвар бо ҳамдастии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, минҷумла Бонки Осиёии Рушд, дар чанд соли ахир ба пешрафти назарраси иқтисод ва таъмини суботи макроиқтисодӣ муваффақ шуд. Дар нимаи дуюми рӯзи чоршанбе ҳайъати Бонки Осиёии Рушд бо Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ва масъулини бахши иқтисодии дастгоҳи раёсати ҷумҳур мулоқот анҷом доданд. Зимни ин нишаст аз ҷумла масоили назорати муассирияти татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энержӣ муҳокима гардиданд.

Тибқи иттилоъи дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе, Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти ин Бонк пазируфта шудааст ва дар ҳоли ҳозир барномаи Бонки Осиёии Рушд дар ин кишвар 17 қарзи боимтиёз ба маблағи 265 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба ҷуз ин, ниҳоди мазкур ба шакли қарзи билоиваз 36 миллион доллари Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати татбиқи кӯмакҳои фаннӣ барои Тоҷикистон ҷудо кардааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG