Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири вижаи Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон


Ян Кубиш фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи марказӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти рӯзи чоршанбеи худ масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва хоса раванди иҷрои созишномаи миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд. Ян Кубиш баъди ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, Иттиҳоди Аврупо қасд дорад ба Тоҷикистон дар таҳкими нируҳои марзбонӣ кумак кунад.
Дар айни ҳол Эмомалӣ Раҳмонов Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ гуфтааст, бояд Иттиҳоди Аврупо раванди барномаҳои худро дар Тоҷикистон суръати бештар бахшад. Ба гуфтаи оғои Кубиш Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин хостори ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон дар заминаҳои иқтисод ва амалисозии барномаҳои иҷтимоӣ шуданд. Зимни ин мулоқот ҳамчунин масоили ҷомеаи маданӣ, равандҳои демократӣ ва масъалаи расонаҳои хабарӣ низ барасӣ шудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG