Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте ки журналистон қонунҳоро намедонанд...


Дар чаҳорчӯби ин барнома кормандони матбуот дар ду рӯзи ҳар ҳафта, сешанбеву ҷумъа, метавонанд дар Маркази дифоъ доир ба масоили мухталифи касбии худ ёриву маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дарёфт намуда, ҳамчунин аз компутар, интернет ва адабиёти зарурӣ ба таври ройгон истифода кунанд. Барномаи ироаи кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба хабарнигорон нахустин чунин як барномаи вижа барои журналистони Суғд аст . Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси ин барнома дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран шиддат гирифтани фишори мақомоти Тоҷикистон бар болои журналистони озодандеши кишвар зарурати роҳандозии чунин барномаро ба миён овардааст: "Ахиран чанд журналисти озоди Тоҷикистон, ба монанди Ҷумъабой Толибов ва Мухтор Боқизода ва нафарони дигар бо сабабу баҳонаҳои мухталиф аз сӯи мақомот ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд ва барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо мо мехоҳем ба хабарнигорон ёрии ҳуқуқӣ расонем. Зеро фаъолияти журналистони озодандеш низ барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва барқарории адолат дар ҷомеа равона шудааст." Бону Ҷӯраева гуфт, дар сурати поймол шудани ҳуқуқи хабарнигорони Суғд аз сӯи маркази дифоъ ба онҳо хидмати ройгони вакили дифоъ пешниҳод карда хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи хабарнигорони Суғд, масъалаи дастрасӣ ба иттилоъот ҳамчун мушкили аслии журналистони ин минтақа боқӣ мондааст. Намояндаи НАНСМИТ дар Хуҷанд, Мадина Сайфидинова, мегӯяд, ин омил заминаҳои ихтилоф миёни хабарнигорон ва мақомотро фароҳам месозад: «Маъмулан намояндагони мақомоти ҳукуматӣ ба хабарнигорон он иттилоъеро пешниҳод мекунанд, ки ба пахши он манфиатдор ҳастанд. Агар ба дастоварде ва ё муваффақияте ноил шаванд, худашон журналистонро даъват намуда, нақл мекунанд. Аммо журналист бихоҳад аз мақомот иттилоъи фавриеро дастрас намояд, бо ҳар гуна монеъаҳо рӯ ба рӯ ва бо душвориҳои маснӯъӣ рӯ ба рӯ мешавад."Бонуи Сайфидинова афзуд, дигар аз омилҳои аслие, ки боиси нақзи ҳуқуқи хабарнигорони Суғд мегардад, ин надонистани қонун аз тарафи иддае аз журналистон аз аст. Ӯ мегӯяд, теъдоде аз хабарнигорон дар мавридҳое ба шикаста шудани ҳуқуқи касбии худ аз ҷониби мақомот роҳ медиҳанд ва ба иллати ноогоҳӣ аз қонунҳо ва ҳамчунин ба сабаби камбуди иқтисодӣ наметавонанд, аз ҳуқуқи худ дифоъ намоянд.
XS
SM
MD
LG