Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси маркази ҳимояти ҳуқуқии журналистон дар вилояти Суғд


Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар ҳамдастӣ бо як маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд ба татбиқи барномаи пуштибонии ҳуқуқӣ аз журналистони вилояти Суғд шурӯъ кардааст. Дар чаҳорчӯби ин барнома кормандони матбуот дар ду рӯзи ҳар ҳафта, сешанбеву ҷумъа, метавонанд дар Маркази дифоъ доир ба масоили мухталифи касбии худ ёриву маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дарёфт намуда, ҳамчунин аз компутар, интернет ва адабиёти зарурӣ ба таври ройгон истифода кунанд. Барномаи ироаи кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба хабарнигорон нахустин чунин як барномаи вижа барои журналистони вилояти Суғд аст. Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси ин барнома дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран шиддат гирифтани фишори мақомоти Тоҷикистон бар болои журналистони озодандеши кишвар зарурати роҳандозии чунин барномаро ба миён овардааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG