Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши САҲА аз сарнавишти нашрияҳои Тоҷикистон


Намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии матбуот Миклош Ҳарашти дар номае ба унвони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, фаъолияти озодонаи расонаҳои мустақил ва чандгонагии афкорро бо додани иҷозаи нашр ба воситаҳои электронии ахбори умум таъмин кунад. Ҳарашти гуфтааст, нашрияҳои "Рӯзи нав", "Нерӯи сухан", "Одаму Олам" ва "Адолат" аз чоп монда, матбааҳои "Ҷиёнхон" ва "Кайҳон" зери фишор қарор доранд. Вай афзудааст, бояд чунин вазъият ба таври таъҷилӣ ислоҳ шавад. Мушовири баландпояи Ҳарашти, Алекс Иванко дар ин бора ба радиои Озодӣ чунин гуфт, ки "бори аввал ҷаноби Ҳарашти ин масъаларо бо сарони Тоҷикистон дар конфаронси минтақавии озодии матбуот дар Осиёи Марказӣ соли гузашта баррасӣ кард ва баъд аз он вай дар ин бора чанд нома ба мақомоти Тоҷикистон фиристод ва акнун баъд аз як сол бо ин изҳорот ӯ таъкид кардааст, ки масъалаҳои мазкур ҳалли худро наёфтаанд." Иванко афзуд, номаи расмӣ рӯзи ҷумъа ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фиристода шудааст. Аммо дар Душанбе, раиси бахши иттилоъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов гуфт, дар вазорат аз ин санад огаҳие надоранд.
XS
SM
MD
LG