Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров


Аъзам Бадриддинов, вакили мудофеъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров зимни мурофиа ба шоҳид чиптаи ҳавоӣ ва шиносномаеро бо номи Балаина Геннадий Петрович нишон дод, ки рӯи чипта навбатдори рақами ҳафти нуқтаи бозрасии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, Рустам Сунавваров мӯҳри вуруд гузоштааст. Вале Рустам Сунавваров, ки ҳамроҳ бо Лутфулло Саймуллоев, раҳбари бахши бозрасии фурӯдгоҳи Душанбе чун шоҳид ба додгоҳ даъват шуда буд, иброз дошт, ки чиптаи ёдшуда тавассути ӯ мӯҳргузорӣ нашудааст.

Рустам Сунавваров дар посух ба суоли ҳимоятчии Искандаров, ки оё ӯ шаби 17 апрел Искандаровро ба ҳангоми вуруд ба фурӯдгоҳ дидааст, ҷавоби рад дод ва гуфт, бо номи Балаина Геннадий гузаштани ӯ аз нуқтаи убуру бозрасии фурӯдгоҳ имконнопазир буд, зеро бо доштани номи русӣ ва чеҳраи ғайри русӣ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳатман барои таъини мушаххасот боздошт мешуд. Дар ҳамин ҳол, худи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар рафти мурофиа бори дигар айбгузориҳои эълом доштаи додситониро дар робита ба даст доштани ӯ дар терроризм ва истифодаи муҳофизони шахсӣ бепоя хонд. Ҷаноби Искандаров гуфт, дастури истифода аз муҳофизони шахсӣ ба ӯ соли 2001 дар пайи як нишасти аъзои ҳукумати Тоҷикистон шахсан тавассути раисҷумҳур Раҳмонов дода шуда буд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гуфт, дар ин ҷаласа аъзои ҳукумат Саидамир Зуҳуров, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Бобоҷон Бобохонов ширкат доштанд ва дархост намуд, ки ин афрод ва ҳамчунин, кормандони додситонии кулли Тоҷикистон Соҳиб Сулаймонов ва Ҷамшед Узоқов ҳамчун шоҳид ба додгоҳ эҳзор ва дар ин замина пурсида шаванд. Ҳимоятчии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров низ ин дархости муваккили худро дастгирӣ намуд. Бо вуҷуди рад шудани ин дархост тавассути ҷониби айбдоркунанда раисикунандаи мурофиа онро ба инобат гирифт ва гуфт, дар идомаи мурофиа, ки фардо 2 сентябр баргузор мегардад. кормандони додситонии кулли Тоҷикистон Соҳиб Сулаймонов ва Ҷамшед Узоқов ба ҳайси шоҳид даъват мешаванд.
XS
SM
MD
LG