Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Ҷопон дар рафъи камбизоатӣ дар Тоҷикистон


Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои 13 тарҳи нави хурди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Дар маросими ба имзорасии қарордоди нави кӯмакҳои билоивази Ҷопон, ки дар Душанбе баргузор шуд, Коичи Миёшӣ, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон гуфт, ин маблағ ҷиҳати беҳсозии макотиби миёна, рушди кишоварзӣ ва бунёди зербиноҳои гуногуни иҷтимоӣ аз қабили эъмори марокизи муосири хидматрасонии тиббӣ ва таъмиру таҷҳизи бемористонҳо бо дастгоҳҳои нави тиббӣ ба масраф мерасад.
Аз ҷумла, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон гуфт, бар асоси як тарҳ қарор аст, дар шаҳри Кӯлоб маркази хидматрасонии тиббии хонаводагӣ бунёд гардад. Ҳамчунин мувофиқи тарҳи дигари беҳдоштӣ дар назар аст, 87 ҳазор доллар ҷиҳати харидории таҷҳизоти тиббӣ барои беморхонаи марказии ноҳия Айнӣ истифода шавад. Ҷаноби Миёшӣ ибрози умедворӣ намуд, ки истифодаи ҳадафманди маблағҳои ҷудошуда ба рушди бахшҳои иҷтимоии мавриди назар мусоидат намояд.
Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон гуфт, қисмати аъзами ин кӯмак, яъне беш аз 680 ҳазор доллар дар бахши маориф мавриди истифода қарор мегирад. Бар асоси 8 тарҳ, ки шомили бахши маориф аст, макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон тармиму таҷдид ва бунёд мегардад. Дар ироаи кӯмакҳои билоиваз ба Тоҷикистон саҳми Ҷопон миёни дигар кишварҳо назаррас аст. Аз соли 1996 то кунун дар доираи 150 тарҳи мухталифи иҷтимоӣ ин кишвар ба Тоҷикистон ҳудуди ҳашту ним миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои билоиваз расонидааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG