Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахшу Шабдиз бармегарданд?


Тибқи иттилоъи китоби «Зардуштнома» Зардуҳушт маҳз пас аз шифои аспи шоҳ Гуштосп мавриди эътимоди ҳоким қарор мегирад ва шурӯъ аз ҳамон рӯз оини оташпарастиро дар Эрон ҷорӣ мекунад. Ва аммо то Зардушт низ эрониёни аҳди қадим ба парвариши асп, ба вижа зоти асп шуғл доштаанд. Тибқи ривоёти Шоҳномаи Фирдавсӣ шурӯъ аз Вахши Рустам то Шабранги Сиёвуш ва Шабдизи Хусрави Парвиз зот мегирифтаанд.

Уламои шарқшиноси аврупоӣ бо шумули Борис, Вилкнус, Миддендорф, Базилевский ва Логофет, ки дар асри 19 аз Осиёи Миёна сафар кардаанд, таъкид доштаанд, ки дар мавзеъи имрӯзаи Тоҷикистон одамон бо парвариши асп банд будаанд. То ҳанӯз дар Тоҷикистон чанд навъи аспи зотӣ ҳаст. Аспи бухорӣ дар водии Зарафшон, Ҳисор ва Шаҳрисабз ба чашм мерасад. Дар водии Омӯ, ба вижа дар Вахш аспи туркманӣ ё текенӣ ҳаст. Дар Ҳисор аспи ҳисорӣ парвариш меёбад. Аспи қирғизӣ ва лақайӣ дар Кӯлоб, Балҷувон ва Қубодиён дида мешавад. Дар Кӯлобу Ҳисор ва Рашт аспи бухории кӯҳӣ маъруфтар аст. Воқеан, аспи лақайӣ ин ҳамон зоти аспи маъруфи хатлонист. Тибқи иттилоъи доиратулмаорифи кишоварзии Тоҷикистон 300 сол қабл аз ин зоти мазбурро бар асари омезиши аспи хатлонӣ бо аспҳои бухориву арабӣ рӯёнидаанд.

Ва аммо муҳимтар аз ҳама аспи тоҷикист, ки ним аср барои расман ба қайд гирифтани ин зот талош доштанд. Соли 2002 аспи тоҷикиро расман ба қайд гирифтанд. Аспи тоҷикӣ бар асари ҷуфтикунонии аспҳои англисӣ, арабӣ ва хатлонӣ ё лақайӣ ба даст омадааст. Холмурод Уроқов, раиси парваришгоҳи «Хуросон», воқеъ дар ноҳияи Ҳисор, 25 километрии Душанбе мегӯяд, «Соли 2002 зоти Аспи тоҷикиро қабул карданд, ки ин як дастоварди бузург буд!»

Заводи асппарварии «Хуросон» 10 сол аст, ки дар ноҳияи Ҳисор бо парвариши зоти асили аспи тоҷикӣ банд аст. Холмурод Уроқов мегӯяд, корхона 120 байтал барои афзоиши зот дорад. Аспи тоҷикиро уламои соҳа аз Ӯзбакистон ва Қаззоқистон баъд аз 20 рӯзи омӯзиш ва тадқиқоти лабораторӣ расман ба қайд гирифта, Шиноснома додаанд:
«Хусусан дар заводи асппарварии мо дар ҳамин самт кори зиёд карда шуд ва аъзои ҳакамоти қабул аз Узбакистону Қаззоқистон баҳои хуб ба аспҳои мо доданд»

Ва аммо барои гирифтани шиноснома таборномаи асп муҳим аст. Ба унвони мисол, аспҳое, ки дар парваришгоҳи «Хуросон» ҳастанд, то ҳафт пушташон андар як муайян аст. Яъне ҳар аспро волидайн бояд маълум бошад ва аз сӯи дигар ба истилоҳ падару бобои аспи зотӣ бояд аз табори маъруфи аспон бошад. Аспи тоҷикӣ- тӯли ним аср бар асари ҷуфт кунонидани аспҳои англисӣ, арабӣ ва хатлонӣ (лақайӣ) рӯёнида шудааст. Пурқувват, қоматбаланд ва мавзуну зебост. Сари камгушт, чашмони калон, гардани дароз, тахтапушту сағрии хурд, синаи васеъ ва пойҳои дарози сермушак дорад. Рангаш усулан сиёҳ, сурхтоб, саманди язидӣ ва бӯр, ёлу думаш сиёҳ аст. Ҷуссааш аз аспи арабӣ хусусан аспи хатлонӣ ( лақайӣ) калон, вале аз аспи асили савори англисӣ каме хурд аст. Қадаш 156-157 см.( даври синааш 173 см ва банди пояш 18,2 см аст) қадди модиёнаш 148-150 см даври сина 173 банди пой 18,2 см аст( барои қиёс қади аспи хатлонӣ 150 см, аз қирғизӣ 137 см, арабӣ 152 см. ва аспи англисӣ 163 см аст). Аз соли 1993 мунтазам аз ташхисгоҳҳои Душанбе Тошканд ва Маскав мегузарад. Суръати дави рекордии Аспи тоҷикӣ дар 1000 м 1 дақ 6,4 сония. Дар 7000 метр 8 дақ 46,4 сон. аст ( суръати дави аспи хатлонӣ 1000 м.-1 дақ. 17 сон. Аспи арабӣ 1000м-1 дақ.7,8 сон. Ва аз аспи англисӣ 58 сония).

Суръати дави аспи тоҷикӣ аз суръати дави аспи хатлонӣ (лақайӣ), арабӣ ва бархе аз зотҳои аспони осиёиву қафқозӣ ва қағззоқӣ баландтар аст. Аз соли 1958 аспи тоҷикӣ дар мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат дорад. 19 маротиба ғолиби мукофоти РСС Тоҷикиситон, 7 бор ғолиби Озарбойҷон, 14 маротиба чемпиони бузкашӣ, ва 8 маротиба ғолиби чавгонбозӣ шудааст.Аспи тоҷикӣ соҳиби аттестати дараҷаи 1 ва 2 и хадамоти Зотпарвраии собиқ СССР аст.

Холмурод Уроқов мегӯяд, дар тамоми ҷаҳон зоти аспро аз омезиши зотҳои дигар мегиранд. Ба унвони мисол, аспи машҳӯртар дар олам аспи асили савории англисӣ аст, ки ибтидои асри 18 бар асари омезиши хуни аспҳои бидави арабӣ, туркманӣ, неаполитанӣ ва испанӣ ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG