Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони Роғун сокинони деҳоти атрофашро мекӯчонад


Ҳудуди чаҳор ҳазор сокини рустоҳои навоҳии Роғун ва Нуробод, ки дар қаламрави обанбори нирӯгоҳи Роғун ба сар мебаранд, маҳалли меросии сукунати худро тарк хоҳанд кард. Бо шурӯи корҳои сохтмонӣ дар нирӯгоҳи Роғун маҳалли истиқомати 650 оила аз ҳафт деҳа, аз ҷумла деҳоти Таги Камар, Таги Сада, Сеч Чорсада ва чандеи дигар, ки дар ҳудуди обанбор ҷойгир шудаанд, зери об мемонад. Бар асоси тарҳи бунёди нирӯгоҳ, зарфи панҷсоли баъдӣ онҳо аз ин деҳаҳо ба мавозеи дигар кӯч дода хоҳанд шуд. Санъат Раҳимов - мудири иҷроияи сохтмони нирӯгоҳи Роғун ба радиои Озодӣ гуфт, аҳолии деҳоти мазкур дар ин бора қаблан огаҳ карда шуда ва аз ин рӯ, аз сӯи онҳо ҳеҷ вокуниши манфӣ низ ба мушоҳида нарасидааст. Аммо ҳамзамон оқои Раҳимов ахбор дар бораи ба ҳамвориҳои вилояти Хатлон ва аз ҷумла ба ноҳияи Бешкент таври иҷборӣ интиқол додани аҳолии манотиқи кӯҳистонии шарқи кишварро бепоя хонда афзуд, барои онон дар водии Рашт мавзеъҳои нав барои сукунат пешбинӣ шудааст. Ҷаноби Раҳимов гуфт, тибқи тарҳи бунёди нирӯгоҳи Роғун пардохти ҷуброн барои оилаҳое, ки аз ин деҳот кӯчонида мешаванд, ба дӯши сарпарасти асосии сохтмони ниругоҳ- ширкати РусАли Русия вогузор шудааст. Мудири иҷроияи нирӯгоҳи Роғун аз зикри кадом рақами мушаххас дар мавриди пардохти ҷуброн изҳори назар накард, вале вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир бо иштироки коршиносони байналмилалӣ корҳои омӯзишӣ дар ин замина идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи вазорати энержии Тоҷикистон, як гурӯҳ аз коршиносон ва олимони соҳаи энергетика аз кишварҳои Австрия ва Туркия ба манзури омӯзиши вазъи корҳои сохтмонӣ дар нирӯгоҳи Роғун вориди Тоҷикистон шудаанд. Ба таъбири ин коршиносон, иншооти Роғун яке аз нодиртарин дар ҷаҳон буда ва то кунун дар саросари олам як чунин сохтмони мӯҳташам назир надорад. Сарбанди нирӯгоҳи Роғун 335 метр иртифоъ, нақби зеризаминии он ба 72 км тӯл ва зарфияти обанбори он беш аз 13 миллиард метри мураббаъ ва ҳаҷми тавлидоти солонаи он беш аз 13 миллиард киловат соат мебошад. Ва аммо ин бори аввал нест, ки аҳолии деҳоти ҳудуди обанбори Роғун ба маҳалли дигар кӯч дода мешаванд. Дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар оғози ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин нирӯгоҳ, сокинони бархе аз рустоҳо аз ин минтақа ба ноҳияи Данғараи вилояти пешини Кӯлоб муҳоҷир шуда буданд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG