Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Русия ба ҳаракат омадаанд. Барои тамрин


Дар пойгоҳи ҳарбӣ дар Қӯрғонтеппа, машқи ҳарбии фирқаи 201-и Русия шурӯъ шуд, ки дар он наздик ба 2 ҳазор сарбоз, даҳҳо танку зиреҳпӯш, тӯпхона ва нирӯҳои ҳавоӣ ширкат мекунанд. Ин тамринҳо қарор аст, то 19-уми август идома кунанд. Ситоди ин фирқа ба хабаргузориҳо гуфтааст, тамринҳо аз рӯи барномаи ҳамлаи ҷавобӣ ба террористони байнулмилалӣ ҷараён мегиранд ва нирӯҳо дар давоми он 100 километр роҳро аз Қӯрғонтеппа то наздикии Душанбе тай мекунанд. Дар ҳоли ҳозир фирқаи мазкур наздик ба 6 ҳазор сарбозу афсар дошта, панҷ ҳавопаймои ҷангии Су-25 ва чаҳор чархболи ҳарбӣ дар ихтиёри он гузошта шудаанд. Русия мехоҳад, пойгоҳи ҳарбии худро дар Тоҷикистон дар заминаи ҳамин нирӯ таъсис диҳад. Дар ин бора миёни сарони Тоҷикистон ва Русия созишнома ба имзо расидааст. Мақомоти кишвари мизбон -- Тоҷикистон дар бораи ин размоишҳо расман хабаре нашр накардаанд.
XS
SM
MD
LG