Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенишон шудани ду бритониёвӣ дар Помир


Раъно Собирова - раҳбари маркази кӯҳнавардии "АлпНаврӯз"-и Тоҷикистон гуфтааст, ду кӯҳнаварди ҷавони бритониёвӣ тайи қариб се ҳафта аст, ки дар кӯҳҳои Помир дар шимолушарқи ин кишвар нопадид шудаанд. Хабаргузории "Франс Пресс" аз қавли Раъно Собирова навиштааст, ки ин ду тан аз гурӯҳи ҳафтнафарии кӯҳнавардони бритониёвӣ будаанд, ки миёнаҳои моҳи июл барои фатҳи қуллаи Инқилоб баландиаш 6 ҳазору 800 метр ба Тоҷикистон омаданд.
Раъно Собирова ба "Франс Пресс" гуфтааст, кӯҳнавардони ҷавон, ки ҳар ду 26 сол доштаанд, аз урдӯгоҳи худ барои таҳқиқи мавзеъ хориҷ шуда буданд, ва то кунун аз онҳо дараке нест. Пас аз шаш рӯзи ин ҳодиса бақияи кӯҳнавардони бритониёвӣ кӯҳҳоро тарк карда ва сафорати Бритониё дар Душанберо аз аҳвол дар ҷараёни гузоштаанд. Ҷустуҷуи серӯзаи куҳнавардон таввасути чархбол натиҷае надодааст. Матбуоти Бритониё навиштааст, ки эҳтимолан он ду нафар зери тарма мондаанд. Аммо хешовандони кӯҳнавардон гуфтаанд, умедворанд, ки наздиконашон саломат бармегарданд.
XS
SM
MD
LG