Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Онҳоро боз ронданд


Тибқи иттилои вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, 42 муҳоҷири кории тоҷик аз шаҳри Қазони Тотористон хориҷ карда шуданд. Анвар Бобоев, мудири шӯъбаи муҳоҷирати вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Қазон иқомати бидуни иҷоза ва фаъолияти ғайриқонунӣ дар қаламрави Тотористон будааст:
"Мо бо намояндагони Русия сӯҳбат кардем, гуфтанд, сабаби ронда шудани онҳо надоштани асноди қайди муваққатӣ ва созишнома бо кордиҳандагон ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ будааст."

Анвар Бобоев таассуф хӯрд, ки ҳанӯз созишномаи ҳамкорӣ оид ба муҳоҷирати шаҳрвандони ин ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар, ки соли гузашта, дар пайи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон ба имзо расида буд, дар Русия амалан ба иҷро нарасидааст. Ба андешаи ӯ, набуди як асноди ҳуқуқии таъйидкунандаи буду бош ва фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, сабаби пеш омадани чунин мушкилот мешавад.

Аммо Музафар Зарифов, сардори маркази иттилоотии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, расман татбиқ нашудани созишномаи ҳамкорӣ оид ба муҳоҷират аз ҷониби Русия, далели хориҷ шудани муҳоҷиоони корӣ аз ин кишвар нест. Ба ақидаи ҷаноби Зарифов, дар аксари маворид, худи муҳоҷирини корӣ ба иллати надоштани асноди зарурӣ, заминаро барои рондашуданашон омода месозанд.
"Бе ҳамон созишнома ҳам дар сурати қонунӣ кору зандагӣ кардани муҳҷирин, онҳоро ҳеҷ кас берун намекард, аммо мушкил дар он аст, ки онҳо ғайриқонунӣ ба Тотористон рафта буданд. Барои ҳамин ҳам хориҷ карда шуданд."

Ба ҳамин тартиб, беш аз 40 муҳоҷири кории тоҷик аз Тотористон берун карда шуданд. Ин дар ҳолест, муҳоҷирати корӣ дар Русия ягона манбаи даромад ва таъмини хонаводаҳои эшон мебошад. Раъно Охунова, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, нерӯи муҳоҷирони корӣ на танҳо ҷиҳати таъмини хонаводаҳои онҳо, балки дар ғанӣ гардондани буҷаи давлат низ нақши муассир дорад. Вай мегӯяд, аз ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистонро мебояд, ҷиҳати кору иқомати қонунии муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд.
"Муҳоҷирати кории мардуми тоҷик аз рӯйи зарурат аст ва аз он ҷои гурез нест, аммо давлат бояд мусоидат намояд, ки онҳо қонунро риоя кунанд ва ҳуқуқҳои муҳоҷирин дар хориҷи кишвар ҳимоят карда шавад."

Тибқи омори Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират тайи 8 моҳи соли равон ҳудуди 12 000 муҳоҷири кории тоҷик аз Русия берун карда шудааст.
XS
SM
MD
LG