Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоси UNHСR ва Тоҷикистон аз Туркманистон


Кумиссариёи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз қарори ҳукумати Туркманистон дар мавриди додани ҳаққи шаҳрвандӣ ба қариб 15 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ истиқбол ва ситоиш кардааст. Ин афрод, аксарият туркмантаборони Тоҷикистон, замони ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон фирор карда буданд ва ҳафтае пеш раиси ҷумҳури Туркманистон Сафармурод Ниёзов қарори пазируфтани онҳоро ба ҳайси шаҳрвандони кишвараш имзо намуд.
Анника Линден - раҳбари намояндагии Кумиссариёи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар шаҳри Ашқобод зимни як баёния гуфтааст, ки аз ин қарори ҳукумати Туркманистон хушнуд ва сипосгузор аст.
Ҳукумати Тоҷикистон низ дар робита ба қарори мазкур бо изҳори хушӣ ба ҳукумати Туркманистон сипосгузорӣ кардааст.
Тибқи иттилоъи Телевизиони Туркманистон, Қозидавлат Қоимдодов сафири Тоҷикистон дар Ашқобод зимни як нома ба раиси ҷумҳур Сафармурод Ниёзов гуфтааст, ки ин иқдоми хайр ба тақвияти дустӣ миёни ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG