Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовинони вазири маориф иваз шуданд


Бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон ҳар чаҳор муовини вазири маорифи Тоҷикистон аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо афроди дигар дар маснади муовинати вазири маорифи Тоҷикистон таъин гаштаанд. Ҳабибулло Бобоев, муовини аввал, Ҳайдар Одинаев, Латофат Насриддинова ва Ҷамила Ҳисомиддинова бо сабаби ба дигар вазифа гузаштанашон аз маснади муовинат барканор шудаанд. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон ахиран зимни як нишасти хабарӣ муовинони нави худро муаррифӣ кард. Ба вазифаи муовини аввал Файзулло Хушвақтов, муовини вазир оид ба макотиби олӣ ва коллеҷу литсейҳо Фарҳод Раҳимов, муовини вазир оид ба рушди соҳаи маориф ва муносибатҳои байналмилалӣ Ирина Каримова таъин гардидаанд.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG