Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар пайи безараргардонии партобҳои ҳастаӣ


Зайд Саидов, вазири саноати Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар 15 соли истиқлоли ин кишвар ягон давлати хориҷӣ партобҳои маводи сӯхти мушакиашро ба Тоҷикистон наовардааст ва намеорад. Ба гуфтаи вай, ҳадаф аз созишномаи 28-уми июни соли ҷорӣ миёни Тоҷикистону Русия имзошуда - дар Тоҷикистон гӯронидани партовҳои ҳастаии Русия нест, балки ин кишвар аз Русия тақозо кардааст, дар безараргардонии маводи сӯхти мушакӣ, бавижа бериллий - маъдани заҳрогини кимиёвӣ, ки замони ҳукумати Шӯравии собиқ дар шимоли Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст, кӯмак намояд.
Вазири саноат мегӯяд, солона ҳукумати Тоҷикистон барои танҳо нигаҳдорӣ ва назорати ин партовгоҳҳо ҳудуди 150 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мекунад ва акнун пас аз тасвиби як қарордод бо ҷониби Русия, партовгоҳҳои Тоҷикистон бо саҳмияи панҷоҳ ба панҷоҳи ду кишвар то соли 2006 комилан безарар гардонида хоҳанд шуд. Ҳамзамон ҷаноби Саидов гуфт, созмонҳои ҷаҳонӣ низ ба ин мушкили Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаанд ва омодаанд, то 30 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати безараргардонии маводи сӯхти заҳрогини ин кишвар ихтисос диҳанд: "Бо кӯмаки онҳо мо метавонем аз 25 то 30 миллион доллари амрикоиро ҷалб карда, партовгоҳҳои худро дар шаҳрҳои Табошар, Чкаловск, наздикии шаҳри Хуҷанд, дар худи Анзобу Зарафшон безарар гардонем ва муҳитро тоза намоем."
Дар ҳамин ҳол Зайд Саидов зимни нишасти хабарӣ гуфт, ахиран як ширкати амрикоии мавсум ба "Камсап ЛТД " дар Тоҷикистон як корхонаи муштараки «Анзоб» таъсис додааст, ки ба коркарди маҳсулоти хокаи сурма ва симоб машғул аст. Ширкати амрикоӣ азм дорад, ҷиҳати боло бурдани иқтидори истеҳсолии ин корхона 50 миллион доллар ҷудо намояд. Ба қавли Бахтиёр Шарипов, масъули бахши металҳои рангаи вазорати саноат, айни замон корхонаи «Анзоб» қудрати истеҳсоли ҳамагӣ 350 ҳазор тонна маъданро дорад ва онро барои коркард ба Чин интиқол медиҳад. Оқои Шарипов мегӯяд, баъд аз он ки ширкати амрикоии Камсап маблағро ба корхонаи «Анзоб» медиҳад, ин корхона метавонад то 700 ҳазор тонна маъдан истеҳсол намояд. Гуфта мешавад, нархи як тонна сурма дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна се ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG