Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати тоҷикон ба Муғулистон


Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, барои нахустин бор шаҳрвандони ин кишвар имкон ёфтанд, дар қолаби муҳоҷирати созмонёфтаи корӣ на ба Русия, балки ба Ҷумҳурии Мардумии Муғулистон сафар намоянд.
Ба гуфтаи мақомоти вазорат, дар пайи ҳосил шудани тавофуқ ҳамакнун замина фароҳам гардидааст, ки ба таври расмӣ муҳоҷирати кории шаҳрвандони тоҷик ба Муғулистон ба роҳ монда шавад.
Субҳон Ашӯров - муовини вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, корхонаи коркарди тиллои шаҳри Улан-Батор аз рӯи 121 навъ шуғл унвонии ин вазорат тақозономаи дарёфти нерӯи корӣ ирсол намудааст: «Дар ин тақозонома касбҳои мухталиф аз коргари оддӣ гирифта, то муҳандис зикр шудааст. Ҳамчунин барои кор дар бахши саноеъи хурокворӣ ва гармхонаҳо тақозои кор шудааст».
Оқои Ашӯров афзуд, довталабон барои кор дар Муғулистон аз рӯи сатҳи таҳсилот ва малакаи касбӣ тавассути корфармо, ки ҷониби Муғулистон аст, муайян мегарданд. Ва баъд аз сурат гирифтани интихоб ҷониби Муғулистон ҳазинаи сафари онҳоро пурра пардохт намуда, барояшон дар ин кишвар шароити матлуби кору зиндагӣ фароҳам месозад.
Оқои Ашӯров гуфт, барои тасвиби қарордод дар ин замина як ҳайъати вазорати кор ба Муғулистон сафар намудааст ва баъд аз баргашти ин ҳайъат интизор меравад, қарордоди мазкур ниҳоӣ шавад. Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи мақомоти вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 90 дарсади раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони тоҷик ба Русия рост меояд. Муовини вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ Субҳон Ашӯров дар ин робита гуфт, бо вуҷуди талошҳои зиёд мушкили муҳоҷирони кори тоҷик ҳам аз лиҳози қонунӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқомат ва ҳифзи иҷтимоӣ роҳи ҳал пайдо накардааст. Вазорати кор мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин чанд тарҳи дигарро низ ҷиҳати ба роҳ мондани муҳоҷирати созмонёфтаи корӣ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои арабӣ рӯи даст гирифтааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG