Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Умед" ба беморони Душанбе умеде ба беҳбудӣ медиҳад


Созмони байналмилалии «HOPE» ё «Умед» дар чаҳорчӯби як барномаи худ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемориҳои исҳолӣ ба марказҳои тиббӣ ва беморхонаҳои Душанбе дар ҳаҷми беш аз 200 000 доллар анвои дармон кӯмак кард. Малика Маҳкамбоева, масъули барномаи байналмилали ин созмон гуфт, ин кӯмакҳои башардустона дар доираи ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи барномаи давлатии коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷониби департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои оилаҳои камбизоати Тоҷикистон ироа гаштааст. Хонум Маҳкамбоева гуфт, ин доруҳо ба панҷ беморхонаи шаҳри Душанбе тақсим шуд. Малика Маҳкамбоева ҳамчунин гуфт:
«Коргари мо ҳар моҳ як маротиба ба ин беморхонаҳо рафта санҷиш мегузаронанд, бо духтурон ва беморон сӯҳбат мекунанд, ки оё ин доруҳо фурӯхта нашуда бошанд.»
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG